Имрӯз, муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин бо хатмкунандагони имсолаи тариқи буҷавӣ мулоқот намуд.
Нахуст, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек меҳмононро ба донишҷӯён муаррифӣ намуда, сипас зимоми суханро ба муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин дод.
Насриддинов З.З. оид ба тартиби тақсимот ва бо ҷойи кор таъмин намудани мутахассисони ҷавон сухан ронда, тарзу усул ва тартиби ба корхонаҳои саноатӣ фиристодани хатмкунандагонро аз рӯи муқаррароти мавҷуда, фаҳмонид.
Ҳамзамон, дар вохӯрии имрӯза, ҳуқуқшиноси донишкада Деҳқонов Дилшод ва декани факултети электромеханика профессор Қозиев Камолудин низ суханронӣ намуда, ба суолҳои донишҷӯён посух доданд.
Дар интиҳо, сардори бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон Назарматов Авазбек сухан ронда, илова намуд, ки оид ба дарёфти ҷойи кор ва гирифтани рохҳат минбаъд хатмкунандагон ба бахши таҷрибаомӯзӣ ва пайгирии хатмкунандагон дар донишкада муроҷиат намоянд.
Шуъбаи иттилоот