Имрӯз 21 апрели соли равон гурӯҳи тарғиботии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд оиди фаҳмонидани моҳияти дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси фаврӣ ва ғайринавбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16.04.2020 ва ҷаласаи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 17.04.2020 аз 20 то 25 апрели соли 2020 гурӯҳи корӣ бо ҷалби мутахассисони соҳаи тандурустӣ, Фозилзода Мухтор Муродалӣ-ректори Донишкадаи куҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Ҷалолзода Миршакар Саид-раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон, Нурзода Мамнур МЭЛС- мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳри Бӯстон, Исмоилзода Хусравшоҳ- мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Бӯстон бо сокинони маҳаллаи Бустони шаҳри Бустон мулоқот баргузор гардид. Дар рафти мулоқот аз ҷониби роҳбар ва аъзоёни гуруҳи корӣ оиди пешгирии паҳншавии вируси навъи “COVID-19”, риояи ҳатмии беҳдошт, истифодаи босамари заминҳои наздиҳавлигӣ, ҷалби сокинон ба корҳои созандагиву ободкорӣ, сафарбар намудани ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба таҳлука наафтидани аҳолӣ маърӯзаҳо карда шуд. Дар охир аз ҷониби сокинони маҳаллаи Бустони шаҳри Бустон ба мутахассисони соҳаи тандурустӣ оиди масъалаҳои болозикр саволу ҷавоб доир гардид.