Дирӯз, дар толори Шӯрои олимон маҷлиси волидайни донишҷӯёни факултети корҳои кӯҳӣ бо сарпарастон, декани факултет баргузор гардид, ки дар он муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда Самиҷоновна, декани факултети кроҳои кӯҳӣ Самадова Гули Мирҷоновна ва дигар сарпарастон ширкат намуданд.
Сараввал, Аминҷонова М.С. ба ҳозирин роҷеъ ба масъулияти падару модар ва дигар қонунҳои танзимкунандаи ҳаёти донишҷӯён сухан ронда, сипас аз ҳолатҳои ногувор ва ифротгароиву гароиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан гуфт ва таъкид намуд, ки волидайн бояд дар ин масъалаҳо бо фарзандони хеш дар гуфтугӯ бошанд.
Инчунин, декани факултет Самадова Г.М. ба волидайни донишҷӯён оид ба факултети корҳои кӯҳӣ, ихтисосҳои марбути он ва тартибу интизом дар дохили донишкада сухан ронд. Ҳамзамон, муовини декан оид ба тарбияи факултети корҳои кӯҳӣ Холбоев Р.Я. суханронӣ намуда, ба волидайн мақсад ва ҳадафи вохӯриро фаҳмонида, аз онҳо талаб намуд, ки барои назорати доимӣ волидайн бояд бо сарпарастони гурӯҳҳо тамоси доимӣ дошта бошанд ва дар ин самт бояд ҳеҷ баҳонае боиси кандани равобит набошад.
Дар интиҳо ба як қатор волидайни донишҷӯёни фаъол ифтихорномаву сипосномаҳо тақдим карда шуд.