19-уми октябри соли 2022 дар шаҳри Бӯстон вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо интихобкунандагон баргузор гардид.
Дар кори мулоқот, ки дар толори калони Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон баргузор гардид, раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов, ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Бахтиёр Маҳмадалӣ, фаъолону интихобкунандагон ширкат намуданд.
Мулоқот бо сухани ифтитоҳии раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ оғоз ёфт.
Сараввал вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоанвар Ахмедов суханронӣ намуда, доир ба Иҷлосияи тақдирсози таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 30-сол муқаддам дар қасри бошукӯҳи Арбоб баргузор гардид, муфассал ҳарф зад. Мавсуф зимни суханронии худ таъкид кард, ки “Пойдевори асосии давлатдории навини тоҷикон маҳз дар Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олӣ гузошта шуд ва дар ин Иҷлосияи таърихан муҳим Роҳбари кордону оқиле интихоб гардида, мамлакати моро, ки дар як вартаи несту нобудшавӣ қарор дошт, ба даст гирифта, давоми беш аз 30-соли соҳибистиқлолии мамлакат ба як кишвари ободу зебо табдил дод. Ин шахсияти бузург ва таърихӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд, ки бо ҷаҳду талош ва сиёсати оқилонаи хеш дар рушди ҳамаҷонибаи Тоҷикистон ҳиссаи арзандае гузошта истодаанд. Ҳамчунин доир ба нақшу корнамоиҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушду ободонии мамлакат, таъмини сулҳу субот, созандагиву бунёдкорӣ ва муаррифии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ изҳори назар карда шуд. Ҳамзамон ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Бахтиёр Набӣ суханронӣ намуд. Мавсуф оид ба ҷанбаҳои таърихии ҷашни мубораку тақдирсоз – 30-солагии Иҷлосияи XVI- уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои соҳаҳои мухталифи ҳаёти халқ дар ин давра, пешрафти Тоҷикистон сухан ронд. Дар идомаи суханронии хеш Бахтиёр Маҳмадалӣ оид ба ҷалби ҷавонони бонангу номус ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват ба амал овард.
Баъдан раиси шаҳри Бӯстон Мавсума Муинӣ аз сокинон ва фаъолон ҷиҳати саҳмгузорӣ дар вусъати корҳои ободониву созандагӣ, татбиқи ҳадафҳои стратегии кишвар, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, пешгирии тамоюлҳои бегонапарастӣ ва расидан ба нишондиҳандаҳои назарраси меҳнатӣ даъват ба амал овард.
Дар фарҷом байни вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихобкунандагон мубодилаи афкор сурат гирифт.