Чанд сол аст, ки мехоҳанд дар манотиқи марзии Тоҷикистон низоъҳои мусаллаҳона ба вуҷуд биёранд. Ба назари ман ин як тарҳи махсус барои шуълавар кардани оташи ҷанг дар Осиёи Миёна аст. Дар сурати амалӣ шудани ин тарҳ муноқишаҳои марзии мероси шӯравӣ ҳамчун василаи ихтилоф ва бархӯрдҳои мусаллаҳона миёни қавму миллатҳои минтақа истифода хоҳад шуд. Аз тарафи дигар нерӯҳои ифротии баромада аз қавму миллатҳои Осиёи Миёна ба марзҳои миёни Афғонистон ва ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна интиқол дода шудаанд. Хулоса, мехоҳанд дар Осиёи Миёна Ироқу Сурияи нав ба вуҷуд оранд. Онгоҳ кишварҳои абарқудрат бо шиори дифоъ аз ҳуқуқи башар вориди майдони фурӯши силоҳ ва қатли омми миллатҳо мешаванд. Бинобар ин, муноқишоти марзии байни Тоҷикистону Қирғизистон сирф бояд дар сатҳи муносибатҳои байнидавлатии ҳарду кишвари ҳамсоя дар муҳлати кӯтоҳтарин ва фазои ҳусни тафоҳум ҳаллу фасл шавад, то фурсате барои ҳаргуна низоъи марзӣ ва иғвои хадамоти ҷосусии абарқудратҳо боқӣ намонад. Ба ҳеҷ унвон мардуми оддӣ набояд вориди майдони ин муноқишот шаванд. Зеро вақте хун мерезад, хун ба дунбол хоҳад дошт.
Исфара пораи тани ҳамаи мо миллати тоҷик аст. Қалби мо барои ҳамватанонамон дар Ворух дард мекашад, вале бояд эҳсосотро канор бигзорем ва бо ақлу тадбир ин мушкилро ҳал кунем.
Раҳмони Шералӣ,
донишҷуй