Бо мақсади шиноснамоии донишҷӯёни бахши якум ба Китобхонаи илмӣ – электронии донишкада ва дар миёни онҳо бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати бақайдгирии донишҷӯён дар китобхона, аз тарафи кормандони китобхона бо ҳамаи донишҷӯёни бахш суҳбату мулоқот гузаронидаанд, ки дар ин бора директори китобхона Ӯзбекова Б. иттилоъ дод.
Китобхонаи илмӣ – электронӣ дар ин росто ба диққати тамоми омӯзгорон, кормандон ва ҳамаи донишҷӯён мерасонад, ки ба китобхона аъзо шуда, аз китобҳои бадеӣ, дарсӣ, маҷаллаву рӯзномаҳо самаранок истифода баранд.