ВОЛОИЯТИ ҚОНУН-КАФИЛИ ЗИНДАГИИ ОСОИШТА

Истиқлолият ва озодӣ бузургтарин сарват ва бебаҳотарин неъмати худододист, ки барои ҳар як миллат ва шаҳрванди ватандўсту ватанпарвар азизу муқаддас аст. Мардуми тоҷик аз дер боз орзуи ба истиқлол расиданро мекард. Ба хотири соҳибватану мустақил шудан ва расидан ба истиқлол фарзандони фарзонаи миллат саҳми шоиста гузоштаанд, ки таърих ҳаргиз номи неки онҳоро фаромўш нахоҳад кард.

Мо бояд ҳар нафас шукри ин неъмати Худовандро кунем, ки ба ин ганҷи бебаҳо – Истиқлолияти давлатӣ ва сулҳу суботи кишвар шарафёб гаштаем. Ватани тозаистиқлоли мо дар ин муддати на он қадар тўлонӣ ба пешравию дастовардҳои бузург ноил гашт, ки бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи роҳбари муаззами кишвар, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шаҳодат медиҳад.

Имрўз беш аз 160 давлати дунё Тоҷикистони тозаистиқлолро дар арсаи ҷаҳонӣ ба расмият шинохтааст, ки ин боиси ифтихор ва сарбаландии мо бояд бошад.

Тавре ҳамагон медонем бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз саннаи 15 сентябри соли 2018 дар вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, мусодираи силоҳу аслиҳаи ғайриқонунӣ, пешгирии маводи мухадир ситоди байниидоравӣ фаъолият дорад. Тибқи итиллои ВАО баъд аз таъсиси ситод то имрўз 11 нафар ҷинояткорони дар кофтуков қарордошта ихтиёран бо аризаи худиқрорӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳозир шуда, миқдори зиёди силоҳи оташфишон аз сокинони шаҳру ноҳияҳои вилоят ҷамъоварӣ ва мусодира карда шуд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки то ҳол дар миёни мардум шахсоне мавҷуд будаанд, ки ба қадри осудагии миллат ва ободии кишвар нарасида, ба умеди ваъдаҳои дурўғи хоҷагони хориҷӣ мебошанд. Мардуми шарафманди вилояти Бадахшон бояд таъсисёбии ситодро интизор нашуда, пеши роҳи вайронсозии қонунҳоро аз ҷониби ҷинояткорон мегирифтанд. Бузурге дуруст фармудааст, ки “Агар хоҳӣ озод зиндагӣ кунӣ, ғуломи қонун бош”. Тавре мебинем, риоя нагардидани қонунҳо дар вилоят бештар аз ҷониби ҷавонон сар мезананд, дар ҳоле, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ мехоҳад ояндаи давлатро ба ихтиёри ҷавонон вогузор намояд. Ба амал омадани ин қонуншиканиҳо аз ҷониби ҷавонони вилоят боси нигаронӣ ва таассуф аст, ва мо ҷавонони вилояти Хатлон чунин амали ғайриқонунии онҳоро маҳкум мекунем. Ин амалҳои ҷавонони вилоят, ки миқдорашон ангуштшуморанд мақоли халқии “Бо арбоб бози карданро дорад”. Онҳо бояд андеша кунанд, ки чунин амалҳои бехирадона боиси марги чандин каси бегуноҳ метавонад гардад.

Тибқи маълумоти ситод айни замон гурўҳҳои муташаккили ҷинояткори ноҳияи Шуғнон ва шаҳри Хоруғ аз Ҷумҳурии Исломии Афғонистон кўшиши ворид намудани силоҳ, муҳимот ва маводи мухадирро доранд, ки ба манфиати мардуми ин вилоят нест. Чунин амалҳои барқасдона метавонад вазъиятро ноором ва боз ҳам мураккаб гардонад. Мардуми шарафманди Бадахшон ва гузаштагони ин сарзамин хуб дар хотир доранд, ки дар Афғонистон баъд аз он ки ҳокимият ба дасти афғонҳо гузашт ва онҳо сарзамини чапи дарёи Амуи тоҷиконро ба зери тасарруфи худ дароварданд, аз он замон то солҳои наздик ҳамеша аз ҷониби зархаридони махсус кӯшиш карда мешуд, ки як сиёсати истисморӣ ва поймол кардани ҳуқуқу манофеи соҳибони аслии ин сарзамин, яъне тоҷиконро пеш гиранд ва имрўз ин ба таври дигар сурат мегирад. Ин гурўҳи ҷавонон, ки чашми онҳоро имрўз маводи мухадир кўр кардааст, даст ба ҷиноят бар зидди ҳукумати конститутсинӣ мезананд ва дер нест он рўз, ки аз кардаи хеш пушаймон гашта, ангушти пушаймонӣ мегазанд. Аз ин рў, мардуми шарафманди Вилояти мухтори кўҳистони Бадахшон ва алалхусус ҷавонони онро зарур аст, ки бояд ба иғвою дасисаҳои беасосу бемаънӣ, дурўғу буҳтони саркардагони гурўҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бовар накунанд, то рўзи 15 октябр рўзҳои башумор монда ва ҳар дақиқаро онҳое, ки то имрўз силоҳҳои оташфишонро ғайриқонунӣ дар хонаҳои худ нигоҳ медоранд ғанимат шуморанд ва беҳтарин фурсати озод шудан аз ҷавобгарии ҷиноятиро аз даст надиҳанд. Боварӣ дорем, ки адолату инсоф ва ақлу хирад бар ҷаҳлу нодонӣ ғолиб омада, мардум аз пайи зиндагии озоду осуда мегардад, мо медонем, ки мардуми оддӣ то имрўз ҳеҷ гоҳ ба нигоҳдории силоҳи ғайриқонунӣ ниёз надошт ва надорад. Он силоҳҳо гандум намекоранд, танҳо оташ мефишонанд, ки ба сари мардуми маҳалӣ мусибат ва ғаму андуҳ меоранд.

Чунин вазъ мардуми кишвар, аз ҷумла моро водор созад, ки ба масъалаи ҳифзи сулҳ, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавии давлат ҳамчун шарти муҳимтарини пойдории суботу оромии ҷомеа аҳамияти хосса зоҳир намоем. Мардуми мо ба қадри сулҳу оромӣ бештар мерасад, зеро бо айби як гурўҳ шахсони зархарид, роҳбарони баъзе азҳоби сиёсӣ ва хоҷагони хориҷии онҳо, ҷумҳурии мо ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор шуда, хисороти зиёди моддиву маънавиро паси сар намуда буд.

Ҳар кадоми мо бояд ҳамеша дар хотир дошта бошед, ки сулҳу субот ва оромиву осоиш барои ҳар кишвару миллат, махсусан, барои халқи мо, неъмати бузург маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи муқаддаси ҳар як фарди миллатдӯсту ватанпараст ва кулли ҷавонони бонангу номуси Ватан мебошад. Пойдевори давлат бояд мустаҳкам бунёд карда шавад ва он таҳкурсӣ пеш аз ҳама талқини ҳамаҷонибаи ифтихори ватандорӣ аст. Он бояд дар муқобили маҳалгароӣ қарор бигирад, зеро ватандўстӣ ҷавҳари ниҳоист, ки инсонро ба гузаштаву имрўзаи кишвараш ошно месозад ва мепайвандад, ба ояндааш мутмаину дилгарм месозад.

 

Гурўҳи ҷавонони

вилояти Хатлон