Имрӯз, дар донишкада бо ширкати омӯзгорону кормандон ва меҳмонон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии мубориза бо ВНМО чорабинӣ гузаронида шуд. Чорабиниро нахуст муовини декани факултети металлургия оид ба тарбия олими ҷавон ва бонуи фаъол Расулова Мунзифахон ифтитоҳ намуда, роҷеъ ба ин фоҷеаи инсонӣ ва мушкилии инсоният сухан гуфт. Мавсуф қайд намуд, ки бемории ВНМО фоҷиаи вазнини инсонӣ буда, роҳи табобат надорад ва тамоми мубталошудагон ба ин маризӣ медонанд, ки дигар илоҷи халосӣ нест, лек ба умеде аз муъҷиза зиндагӣ менамоняд. Ҳадаф аз гузаронидани Рӯзи ҷаҳонии мубориза алайҳи ВНМО ин бо тамоми ҳиссу талош бо дастаҷамъӣ “Нест бод, ВНМО”! , гуфтан мебошаду ҳушдор додани инсоният аст. ВНМО қатъкунандаи тамоми орзуҳои инсонӣ дар ҳаёт аст.
Беморӣ, ки ҳамчун аломати норасоии масъунияти бадан муайян карда мешавад, аз аввали солҳои 80-и асри XX маълум аст. Имрӯзҳо тибқи маълумоти СММ ҳар рӯз дар ҷаҳон 16 ҳазор нафар ба вируси норасоии масъунияти бадан сироят меёбанд, ки тақрибан 50%-и онро ҷавонони синнашон аз 14 то 20 сола ташкил медиханд. Ҳамзамон, дар чорабинии мазкур роҷеъ ба зарари ВНМО, оқибати гирифтори ба он, роҳҳои пешгирӣ ва ҳимоя аз ин маризии сахт максъулон гуфта гузаштанд.
Сипас, ба иштирокдорони чорабинии мазкур варақаҳои иттилоотӣ оид ба роҳҳои пешгирӣ, бурдани чораҳои эҳтиётӣ ва дигар масъалаҳои халосӣ аз гирифторшавӣ ба ВНМО тақсим карда шуд.
Ёдовар мешавем, ки чорабинии мазкур бо ташаббуси факултети металлургия ва корҳои кӯҳӣ гузаронида шуд.