Имрӯз, дар кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ викторина таҳти унвони “Аҷоиботи олами химия” баргузор гардид, ки дар он донишҷӯён ширкат намуданд ва ба ду гурӯҳ тақсим шуданд бо номҳои “Об” ва “Ломоносов”. Барандаи бозии мазкур ва шартгузор омӯзгори ҷавон Раҷабова Шафоат буд.
Дар ин чорабинии мазкур муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин., декани факултети корҳои кӯҳӣ Самадова Гули., декани факултети металлургия Шамсидинов Шӯҳрат., мудири кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ Ҳоҷиев Саидмуқбил ва дигар омӯзгорони фаъол ширкат намуда, рафти викторинаро баҳогузорӣ намуданд.
Ба аксарияти саволҳо дастаи “Ломоносов” посух дода, соҳиби дипломи ҷойи аввал гардид.
Дар интиҳо муовини аввали ректор профессор Насриддинов З.З. суханронӣ намуда, ба донишҷӯёни фаъол ва роҳбарони дастаҳо диплом,сипоснома ва ифтихорномаҳоро тақдим намуд.
Шуъбаи иттилоот