Ё ҲАРФҲОЕ, КИ БАРВАҚТ БОЯД ГУФТА МЕШУДАНД…
Ба ошиқони Кабирӣ, ки ӯро танҳо ба ивази як луқма нон ё баровардани эҳтиёҷе парастиш мекунанд, гуфтание надорам, ин интихоби онҳост. Аммо дилам ба ононе, месӯзад, ки то ҳол бовар доранд, ки бо Кабирӣ ба ҷое мерасанд.
Бештар аз ҳама намехоҳам, ки навҷавонон ба доми ин тоҷири сиёсӣ биафтанд ва ба “киштии сӯрохшудаи” (иқтибос аз Сӯҳроби Зафар) ӯ савор шаванд, ки оқибаташ ғарқ шудан асту бас. Ҳатто боди шуртае ҳам бархезад, ҷуз аз сар ба бод додан илоҷе дигар нахоҳад монд.
Кабирӣ сад бор аз номи ислом хиҷолат кашида, сад созмони дигар созад ҳам, боз Кабирӣ хоҳад монд. Яке аз дигар сабабҳои сохтани ташкилоте, ки дар он номи ислом набошад, ҳамин аст.
Сабаби дигараш сафи норозиён дар худи Наҳзат рӯ ба афзоиш аст. Баъдан хоҳем дид, ки пайравони Сайидиброҳими Назар ва Мавлавӣ Айёмиддин Сатторӣ, ки тарки ҳизб карданд ва ба Ватан баргаштанд, бештар хоҳад гашт.
Табаддулоти дохилиҳизбӣ низ аз имкон дур нест. Барои ҳамин созмони пучи ҷаълӣ гурезгоҳе хоҳад шуд, ки Раиси Якдона он ҷо по дароз кунад.
Қартаи дигаре, ки Кабирӣ зери остин дорад, ҳизби наҳзатро (агар кураторони теҳронӣ розӣ шаванд) ба дигаре супориданист ва худаш танҳо роҳбари созмони наве хоҳад шуд, ки он ҷо калимаи (астағфируллоҳ) ислом набошад. Ҳоло ҳам проекти исломӣ дигар мӯд нест, ҳам Кабирӣ бисёр шиква мекунад, ки “ҳукумати оқои Рӯҳонӣ сахт мумсик аст”. Ва аз ҳоло тоҷири сиёсӣ бозори нав меҷӯяд. Ва он бозорро ӯ дар Амрико мебинад, гарчанде чанд бор Амрико ба ӯ барои сафар визо надод.
Диққат додед? Дар намоишномаи Кабирӣ дар Варшава ягон нафар марди риши суннатидор ва бонуи ҳиҷобпӯш ба назар намерасид. Аз шахсиятҳои калидии наҳзат дида, Кабирӣ бештар ба “хоҳар Ҳумайро” (моли худи ишон. Ибора дар назар аст), Темури Варақӣ ва Равшани Темуриёни галстукпӯш аҳамият медод.
Номи ин ду нафарро ба забон оварданӣ набудам. “Слишком большая честь”, – ончуноне русҳо мегӯянд. Ҳатто аз лесиданҳову “доктор” гуфтанҳояшон чашм пӯшидам. Аммо чун дар Варшава эълон доштанд, ки “ҳукумат барои қатли ин ду Че Гевара киллер фиристодааст”, дигар хомӯширо гуноҳ донистам.
Ба дигарон тӯҳмат бастанро дида будам, аммо ба худ тӯҳмат бастанро бори нахуст мебинам! Нозанинтар ва пурмаънотар аз халқ кӣ мегӯяд? “Ба асп наъл заданд, қурбоққа низ по боло кардааст”.
Маро метавонед сангсор кунед, аммо мегӯям. Бо Кабирӣ оппозитсия ба ягон мақсад намерасад. Ӯ мисли як харсангест, ки пеши роҳи мухолифат ва муқовиматро мегирад.
Дар ягон маркази қабули қарор-Вашингтон, Маскав, Бруксел, кишварҳои минтақа- ҳар лоиҳае, ки дар пас ё канори он Кабирӣ меистад- пазиро нахоҳад шуд.
Бигзарем аз онҳо. Муҳимтар ва арзишмандтар пуштибонии мардуми кишвар аст. Кабирӣ хуб медонад, ки ягон вақт мардум ба ӯ раъй нахоҳанд дод. Яъне, роҳи демократия ба ӯ манфур аст, гарчанде тӯтивор аз демукросӣ мегӯяд.
ҶИҲОД?
Кӣ омода аст, ки аз паси ӯ бархезад ва гӯш ба фатвояш диҳад? Романтикаи ҷиҳод вақте мурд, ки муҷоҳидон ё кушта шуданд ва ё зиндон хонаи онон гашт. Аммо касе ёд аз онҳо накард. Зану фарзандонашон хору залил гаштанд.
Боз ҳам мемонад тиҷорати сиёсӣ. Барои он ки молу колои кирмзадааш ба савдо равад, ӯ танҳо ба реклому пиари худ машғул асту бас. Ҳама ин саҳнасозиҳо, эътилофҳо, филмбардориҳо танҳо ба ҳамин хотир аст.
Ҳар касе заррае бӯ аз сиёсат бурдааст медонад, ки ҳеҷ гоҳ Кабирӣ ба ҳукумат соҳиб намешавад. Он фасона дигар куҳна гашт. Аммо Кабирӣ мағзи ҷавононро хароб мекунад ва заминаро барои пайдо гаштани толибони галстукдор дар сарзамини мо поягузорӣ мекунад. Он гоҳ ҳам хушк месӯзаду ҳам тар