ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ШУКУФОИИ ВАТАН

Умри неки ҷовидон аз ваҳдат аст,

Шодии пиру ҷавон аз ваҳдат аст.

Меҳани ободу зебои маро,

Ифтихору шаъну шон аз ваҳдат аст.

 

            Вахдат калимаест, ки бо маънию охангаш шахсро ба  ягонагӣ ва  муттаҳидӣ  даъват  мекунад. Аз қадимулайём мардум барои осудаву ором зиндагӣ кардан ва беҳбудии ҳаёт умр ба cap мебурданд. Онњо баробар кор мекарданду ризқу рӯзияшонро ҳам барбар бо ҳам медиданд.   Инсоният бидуни ягогагиву баробарӣ ба мартабаи имрӯзаи худ расиданаш номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба қуллаҳои баланди тараққиёт расонидааст.

Агар ба таърихи халқи тоҷик назар афканем мебинем, ки барои давлату давлатдориро пеш бурдан ва тараққӣ додан халқ ҳамеша роҳи ваҳдатро пеш гирифтааст. Сарони давлати абарқудрати Сомониён ҳамеша кӯшиш мекарданд, ки дар қаламрави давлаташон баробариву бародарӣ ҳукмфармо бошад, зеро хар ҷое, ки ягонагист, сулҳ низ он ҷост. Ҳар ҷое, ки сулњ аст, амонию баракат низ он ҷост. Пас аз истиқлолияти кишвари мо бо дахолати қувваҳои беруна дар байни мардум парокандагӣ ба вуҷуд омад, ки он бар пояҳои ваҳдат зарари худро расонид. Дар Тоҷикистон ҷанги беамони шаҳрвандӣ ба амал омад, ки он харобӣ, марг ва бесарусомониро ба вуҷуд овард. Хавфи барҳам хӯрдани миллати тоҷик ба миён омад. Барои азнавсозии харобаҳо ва эҳёи миллат пешвое лозим буд. Худованд ба оҳи модарон ва нолаи хоҳарон раҳмат карда, шахсеро аз миёни халќ ба сафи пеш баровард, ки ӯ тавонист хаёти осоиштаро барқарор созад. Президентамон Эмомалӣ Раҳмон ба сари давлат омада, халқи сулҳпарвари тоҷикро ба баробарию бародарӣ даъват намуд. Мардум, ки аз харобию вайрониҳо ба танг омада буданд, роҳи навро пазируфтанд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол бо шарофати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати наве бо номи «Ваҳдати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон» ташкил карда шуд, ки дар таҳкими он тамоми ташкилотҳои хурду бузурги ҷамъиятӣ ҳисса гузоштанд. Ин амали хирадмандона самараи некро ба бор овард. Ниҳоят тоҷикон ба мувофиқа омада, даст ба дасти ҳам доданд. Бо имзо гардидани созишномаи истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ 27- июн Рӯзи Вахдати миллӣ эълон шуд.

Хушбахтона, пас аз имзои ин созишнома зиндагии мардуми тоҷик дар партави сулҳу вахдат гул-гул шукуфта истодааст. Сарвати беҳтарини халќакдмон ин вахдат ва яонагист. Вазифаи мост, ки ин вахдату ягонагиро ҳамчун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба фарзандони муттаҳид ниёз дорад, Тоҷикистон аз имрӯз низ бештар ободу зеботар хоҳад шуд.

Хулоса, ҷаҳон ва ободии он вобаста ба сулҳу вањдат аст. Ба ҷомеае, ки дар он сулҳу вахдат пойдор аст, ҳеч гоҳ осебе намерасад. Ман бо ифтихор кайд мекунам, ки вахдати миллии тоҷикон намунаи олии ҳамдигарфаҳмӣ ва сулхофаринӣ дар тамоми ҷаҳон дониста шудааст. Беҳуда нест, ки таҷрибаи ваҳдатофаринӣ ва сулҳи тоҷиконро институтҳои сиёсии ҷахон омӯхта истодаанд.

 

 

     Кобилов В.,  номзади илмҳои педагогӣ