Дирӯз, Назира Ғаффорӣ, муовини раиси комиссияи чамъиятӣ оид ба пешгирии коррупсия дар назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд бо омӯзгорону кормандони донишкада ҷаласа баргузор намуд. Ҷаласаро муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин ифтитоҳ намуда, меҳмонро ба ҳозирин муаррифӣ намуд ва роҷеъ ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ изҳори ақида кард.
Собиқадори ҳизб, бонуи фаъол ва арбоби давлатӣ Назира Ғаффорӣ роҷеъ ба масъалаи пешгирии амалҳои коррупсионӣ, паст назадани шаъну шарафи омӯзгор, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён, тавзеҳи Қонунҳои мавҷуда, муборизаи дастаҷамъона бо амалҳои номатлуби коррупсионӣ, эҷоди фазои бидуни фасод ва фаъолияти содиқона сухан ронда, иброз дошт, ки коррупсия дар шароити феълӣ яке аз масъалаҳои доғи ҷомеа буда, бояд мубориза бар зидди ин падидаи номатлуб бо тарзу услҳои мухталиф пурзӯр карда шавад. Мубориза бар зидди коррупсия ва татбиқи ҳамаҷонибаи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ҳамчун самти муҳимтарини сиёсати ҳуқуқии давлат имкон фароҳам меоварад, ки дар ин самт сатҳи ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта паст карда шавад.
Сипас, суолу ҷавобҳо сурат гирифт, ки муҳтарам Назира Ғаффорӣ ба ҳозирин тавсияву машваратҳои муфид дод.