ВОХӮРӢ: МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

Ҳамасола дар кишвари хуршедии нуррезу зархезу дилангези мо – Тоҷикистони азиз санаи 23-юми май Рӯзи ҷавонон бо шукӯҳу ҷалоли хоса ҷашн гирифта мешавад ва ҳанӯз соли 1992 бо дарназардошти аҳамият ва зарурати ташаккули сиёсати ҷавонон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон” қабул гардид, ки нишонаи возеҳи таваҷҷӯҳи хосаи давлат ба табақаи фаъоли ҷомеа, яъне наврасону ҷавонон мебошад. Дар доираи моҳвораи ҷавонон бо ташаббуси садорати факултети металлургияи ДКМТ дар хобгоҳи донишҷӯён чорабинии маърифатӣ баргузор гардид. Дар чорабинӣ декани факултети металлургия н.и.п дотсент Шамсидинов Ш.М, мудири шӯъбаи ҷавонон Насриддинов Ш, муовинони декани факултети металлургия, омӯзгорону донишҷӯён иштирок доштанд. Дар рафти чорабинӣ оид ба нақши ҷавонон дар даврони Истиқлолият, дастгириҳову ғамхориҳои давлату ҳукумат суханронӣ карда шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ бахшида ба Рӯзи ҷавонон донишҷӯёни фаъол бо сипоснома сарфароз гардонида шуданд.