Имрӯз, дар толори Шӯрои олимони донишкада конференсияи илмӣ- назариявӣ таҳти унвони “Ваҳдат бақои миллат” бахшида ба рӯзи Ваҳдати миллӣ баргузор гардид.
Чорабиниро муовини ректор оид ба корҳои тарбиявӣ Аминҷонова Мавлуда ифтитоҳ намуда, сухани аввалро ба ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ доданд.
Муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ аз нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ба даст омадани ваҳдати миллат ёдовар шуда, таъкид доштанд, ки дар вазнинтарин ҳолат Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба хотири сарҷамъ намудани миллат ба Афғонистон сафар намуданд ва гурӯҳҳои даргирро ба сари мизи музокирот даъват карданд, ки ин аз ҷасорат ва дилсӯзиву ҷонфидоии ин марди хирад шаҳодат медиҳад. Хушбахтона, бо шарофати ба имзо расидани созишномаи сулҳ мо тавонистем, ки роҳи мустақимро дар зиндагӣ идома диҳем ва дар ин росто миллат ба саодат бирасад.
Ректори донишкада н.и.и., дотсент Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамзамон аз формулаи сулҳи Пешвои муаззами миллат ёдовар шуда, нақши онро дар наҷоти миллати тоҷик муҳим арзёбӣ намуданд…
Ҳамзамон, дар конференсияи имрӯза мудири кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ Раҳимова Шаҳнозабону, омӯзгорони ҳамин кафедра Абдуллоев Икром ва Саидов Анвар низ дар бораи ваҳдати миллӣ маърӯза намуда, муҳимияти онро барои якпорчагии Тоҷикистон шарти бақо арзёбӣ намуданд.
Дар интиҳо ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ ҳамагонро ба ин санаи муҳиму фархунда табрик намуда, ба ҳама саодатмандиву муваффақият таманно карданд.
Шуъбаи иттилоот