Имрӯзҳо сухан аз муҳаббату садоқат ба Ватан гуфтан хеле гуворост ва вақте инсон ин калимаи зебои Ватанро ба забон меорад, ҳамон хӯшиву озодагӣ ва ҳамон покиву оромиш ба ёд меояд. Зеро маҳз инсон дар Ватани худ метавонад орому осоду ва хушбахту хушҳол бошаду халос.
Чуноне, ки Лоиқи бузургвор мефармояд:
Ватан – беҳбудию беҳрӯзии мост,
Ватан – хушномию фирӯзии мост.
Воқеан ҳам ин ҳама пирӯзиву осудагии мо аз Ватан аст ва хушбахтона, ки мо имрӯз соҳибватан ҳастему дар кулбаи хеш ҷилваи муҳаббат мекунем ва ин Ватани азизро, ки зодгоҳи бузургону абармардони асил аст, ба некиву хурсандӣ ёд менамоем.
Саодати имрӯзии мост, ин ҳама аз оромиву осудагии Ватан!
Пас бояд барои ободиву осудагии он, барои пешрафту шукуфоии он, барои рушди бемайлону покизагии он талош варзем ва ҳиссаи худро, ҳамчун фарзанди ин Ватани маҳбуб, сокини ин диёри азиз барои пешратфу беҳтар гардидани он гузорем. Қарзи фарзандии мост, ки имрӯз бояд ин Ватанро аз душманон аз бадкешон, аз манфурон, аз ҳасудон, аз хоинон ҳифз намоем ва нагузорем, ки адӯе бо чашми бад ба ин сарзамини муқаддаси мо қадам гузорад. Зеро вазифаи ҷонии ҳар як соҳибватан аст, ки бояд аз Ватан ва сарзаминаш ҳифз кунад ва нагузорад, ки номуси хешу табораш, хоҳару бародараш поймол шавад.
Зеро дар дини мубини Ислом ҳам омадааст, ки беҳтарин ҷиҳод ин, ҳифзи Ватан аст. Ҳамчунин дар ҷое дигаре ҳам омадааст, ки беҳтарин имондорӣ ин ватандорист!
Яъне ҳатто дин ҳам аз падидаҳои ахлоқӣ ба инсон тавсия медиҳад, ки дар ҳифзи марзу буми кишвараш талош варзад ва ҳамон макони зисташ, ҳамон кулбаи хобаш ва ҳамон рӯдхонаи канори диёрашро ҳифз кунад ва нагузорад, ки нохалафе, бадгумоне, бадсириште аз он гузар намояд, он вақт ин мешавад, ҳиссаи ватандӯстиву соҳибватанӣ!
Аммо ин ҷо бояд таъкид намоям, ки беҳтарин ҷиҳод, беҳтарин амали мусалмонӣ, беҳтарин рафтори муъминӣ, беҳтарин хислати инсонӣ ин хизмат ба Ватани маҳбуб аст. Тасаввур кунед, ки Шумо бо хизмат ба Ватан, ҳам номуси хонаводаатон, ақрабоятон ва аҳли диёратонро ҳифз мекунед, магар ин бад аст? Баръакс ин беҳтарин амал аст, зеро дар хонаи покизаву озода нишастан ҳам ба ҳар кас муяссар намегардад ва на ҳар кас ба қадри ин ҳама лаҳзаҳо мерасад.
Онҳое, ки худ ба ин Ватан хизмат накардаанду худро пайрави ин ёон дин метарошанд, ҳатман инро бидонед, ки онҳо инсон нестанд ва асло рафтори инсонии дуруст ҳам надоранд ва мақсадашон ҳам парешон карданӣ ҷомеа ҳасту халос. Ҳеҷ ягон дин хизмат ба Ватан ва сарзамини муқаддасро манъ намекунад, онҳое ки даъвои диндорӣ мекунанд, онҳо шайтонанд на инсон!
Бузургон ҳамеша таъкид кардаанд, ки ҳифзи марзу бум, Ватан ва ҳифзи тамоми арзишҳои инсонӣ худ қарзи инсонист, ки дар баробари зода шудан ба инсон тавсия мешавад ва ҳар нафаре, ки худро марди майдон, худро мард меҳисобад, бояд барои ҳифзи Ватан ҳисса гузорад ва қарзи фарзандии худро иҷро кунад.
Зеро ҳар нафаре, ки ба қадри ин обу хок ва ин сарзамин намерасад вайро ҳатто инсон номидан мумкин нест, чӣ расад ба мардонагиву шуҷоати вай.
М. Абдусаломов
Омӯзгори ДКМТ