Ватан ба номат қасам

Ватан – ин ҳамон қаламравест, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо аҷдодони мо дар он сарзамин умр ба сар бурдаанд, бо як забон сухан гуфтаанд, шодию хурсандӣ, нолаю фиғон ва дарди дил кардаанд.
Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки ниёгони мо ҳар як ваҷаб хоки онро муқаддас шуморида, барои ҳифзаш бо ғосибони аҷнабӣ, кишваркушоёни ҳарису зарпараст ҷангидаанд, хун рехтанд, дар роҳи ҳифзи нангу номуси хеш шаҳид гардидаанд, ва дар он қаламрави меҳрпарвар, ки имрӯз Тоҷикистон ном дорад, ба хоби абадӣ рафтаанд.
Ватан ин ҳамон қаламравест, ки мо баъди аз батнӣ модар берун омаданамон, дар қолини махмалинаш ғалтидаву хеста калон мешавем, аз меваҳои шаҳдбораш аз обҳои зулолаш нӯши ҷон мекунем, аз дастурхони пурнозу неъматаш сарфи ғизо менамоем, аз «тиллои сафедаш» ҷомаи домодӣ ва пероҳани арӯсӣ медӯзем.

Ватан ин ҳамон сарзаминест, ки нону намакаш ба мо ақлу ҳуш, дилу ҷон, нӯри имон ато мекунад.
Ватан модари мушфиқу ғамхорӣ ҳар яки мову шумост, ки аз рӯи чашм ба олами равшан кушоданамон моро бо ҳазорон меҳру муҳаббат, гарму нарм ба оғӯш мегирад, мепарварад, маълумот медиҳад, ба камоли маърифат мерасонад, соҳиби хонаю дар, зану фарзанд, хешу табор мекунад, хушбахт мегардонанд ва баъди фавтиданамон бо нолаю фиғон, ки аллаи вопасини модар аст, ба гавҳораи хобби абадӣ месупорад.
Ба ҳамин хотир мо ин сарзаминро Модар –Ватан меномем ва онро аз ҳар чӣ дида муқаддас мешуморем.
Мо ҳамеша ин ганҷи муқаддасро ҳифзу нигоҳбонӣ менамоем, мо бояд ҳар лаҳза, ҳар дақиқа, хар шабонарӯзӣ омода бошем.
Ин омодагиро ба мо тарбияи ҳарби ватанпарастӣ мекунад. Ба ин хотир Президенти муҳтарами мо Эмомали Раҳмон ба тарбияи ватанпарастии ҷавонон, ки ояндаи истиқлолияти миллию давлатӣ, ояндаи шукуфони кишвар, ободии мамлакат, ҳифзи нангу номус дар дасти онҳост ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд.
Тавре, ки Пешвои миллат зимни суханрониашон дар маросими таҷлили рӯзи Ваҳдати миллӣ 27-июни соли 2006 қайд намуданд «Ватан дар баробари модар муқаддасоти воло буда, дар сарнавишти инсон нақши халкунанда дорад, бе Ватан инсон бесарнавишт ва қурбу бе манзаллат аст».
Бе сабаб нест,ки арзишҳои волои ватандорӣ ҳанӯз аз даврои ориёҳо зуҳур карда, дар китобҳои «Маҳабҳарата» ва «Авесто» тавсифу ситоиш шудаанд.
Ватан танҳо марзу бум ва ҳудуди муаяйни ҷуғрофӣ нест. Ватан пайванди ногусастании наслҳои дирузу имрӯзу, фардо, муҳофизати истиқлолият ва дастовардҳои он, пос доштани хотираи неки аҷдодон, ҳифз ва гиромидошти мероси таърихиву фарҳангӣ ва саъю талоши доимӣ ба хотири пешрафти давлату миллат ва шукуфоии ватани аҷдоди аст.
Ватану ватандорӣ ва хизмат ба он вазифаи муқаддаси ҳар яки мову Шумо ва ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст.

Махкамов Ш.
Омузгори ДКМТ