ВАТАНРО ДӮСТ ДОШТАН АЗ ИМОНИ КОМИЛ АСТ

Рози худ дар сина хандонру намесозад нихон,

Хар чи дорад дар дили худ, гул намоён мекунад

(Сайидо)

 

   Ин байт олами ботинии ҳар шахси бедордилро муайян месозад.  Пирони рӯзгордида аҷоиб дунёе доранд. Онҳо таҷрибаи бойи зиндагиро бо гузашти солҳои дароз ва бо тай кардани роҳи баланду пасти зиндагӣ ва пурпечутоби он сазовор шудаанд. Вақте дар сӯҳбати онҳо менишинем, албатта самимияту ҳақиқатро банда дармеёбад. Мӯйсафедон дурандеш, шукргузору қадршиносанд ва фиреб намедиҳанд, дурӯғ намегӯянд, дурӯягӣ намекунанд, зеро аз таҷриба медонанд, ки ин ҳама хислатҳои бад инсонро беобрӯву беқадр гардонида, ба пушаймонӣ мерасонад ва онҳо ҳамеша хатогиҳои содиршударо мехоҳанд дар ҷавонон ислоҳ кунанд ва аз гумони баду забони бад ва рафтори бад мехоҳанд фарзанду наберагон дур бошанд, аммо ин ҳамаро на ҳар кас сарфаҳм мераваду дарк мекунад ва то ба ин дараҷа расидан солҳое даркор хеле дарозу тӯлонӣ. Мақсади рӯи қоғаз овардани ин суханон огоҳ кардани ҷавонон, алалхусус он ҷавононе аст, ки дар хориҷи кишвар кору зиндагӣ ва таҳсил доранд ва аз чашмони падару модар дуранд ва барояшон насиҳаткунандаву огоҳкунандае нест ва онон фикри худро ҳақиқат пиндошта дар кӯчаҳои зиндагӣ қадам мезананд. Бояд ҳар як тоҷику тоҷикистонии бо нангу номус дифоъ аз миллату давлат ва мазҳаби худ кунад ва ҳар куҷое, ки набошад, номбардори миллат ва раҳматовари он бошад ва аз ҳизбу ҳизбгароӣ ва аз пайваст шудан ба равияҳои ботил дур ва муаррификунандаи миллати тоҷдори тоҷик бошад, зеро дӯст доштани ватан нишонаи имони комил аст.

Ватанро дӯст доштан аз имони комил аст,

Дифоъ аз он бо тамоми ҳастии худ воҷиб аст.

Дар ғарибӣ ёди Ватан ширин бувад эй дӯстон,

Ёди ватан дар ғарибӣ зинда дорад ҷисму ҷон.

Замоне Шарофиддин Гадоев душмани ашаддии давлату миллат буд, имрӯз ҳақиқатро хеле нек дарк кард ва қадами устуворонаеро сӯи хушбахтӣ ва саодатмандии худу миллат гузошт ва наздик аст он рӯз, ки дигар ҷавонони раҳгумзада низ бозгарданд, ватанро обод кунанд ва саҳми худро дар пешрафти миллат ва таърихи Тоҷикистон ба некӣ гузоранд.

Дар суханони гуҳарбори Паёмбари гиромиқадр (дуруду салом ба руҳи покашон) дар ин маънӣ омадааст: ”Баракоти махсуси худовандӣ дар муттаҳидӣ аст”. Пас барои манфиат ва сарбаландиву ободии кишвар зери Парчами миллат муттаҳид бошем, то неъматҳои худодода бароямон доимиву абадӣ бошад.

Ҳамчунин содиқ мондан ба Ватан худ меҳрномае мебошад саршор аз ихлосу парвози андеша.

Хушрузи Ғаффор, ассистенти кафедраи ҳамлу нақли ДКМТ