Дар шароити муосири ҷаҳонишавӣ, ки рақобат дар бозори меҳнат, илм ва технология афзоиш меёбад, ба воя расонидани мутахассисони баландихтисос бо эҳсоси баланди ватандӯстӣ, масъулиятшиносӣ ва нангу номуси миллӣ аз вазифаҳои муҳими ҳар як муассисаи таҳсилоти олӣ маҳсуб меёбад.
Кафедраи геология ва корҳои нафту гази Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон дар ин самт нақши назаррас дорад. Омода намудани муҳандисони ҷавон, ки соҳиби донишҳои муосир ва дар айни замон, бо маърифати баланди шаҳрвандӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва садоқат ба хоки Ватан ҳастанд — рисолати асосии мо, устодон мебошад.
Мутахассисони соҳаи геология ва нафту газ, дар баробари касбу ҳунари худ, бояд эҳсоси масъулиятро дар назди миллату давлат эҳсос намоянд. Зеро таҳқиқи сарватҳои зеризаминӣ, ҳифзи муҳити зист, таъмини истиқлолияти энергетикӣ ва рушди иқтисоди миллӣ, пеш аз ҳама, аз дониш, масъулият ва садоқати ин гурӯҳи муҳими мутахассисон вобаста аст.
Маҳз дар заминаи таълиму тарбияи ватандӯстона ва касбӣ метавонем наслеро ба камол расонем, ки дар рушду ободии Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми арзанда гузоранд. Ҳадафи мо – тарбияи муҳандисони ҳақиқии тоҷик аст, ки на танҳо соҳиби дониши баланд, балки соҳиби номусу ор ва шуури баланди миллӣ бошанд.
Мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ
н.и.т., дотсент Мирбобоев Ш.Ҷ.