Варзиш қосиди сулҳ

Бояд қайд намуд, ки рушди варзиш ва тарбияи ҷисмонӣ дар мадди назари ҳамешагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ – Пешвои  миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, дар замони соҳибистиқлолии кишвар зери ҳидояту дастгириҳои ҳамешагии варзишпарваронаи Сарвари давлат намудҳои мухталифи варзишӣ аз нав эҳё гардида истодааст.

Тавре ки ба ҳама маълум аст, дар ҳама давру замонҳо варзиш ин қосиди сулҳу амонӣ мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон баъди ба даст овардани истиқлолият дар ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҷумла дар соҳаи варзиш низ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, бо шарофати варзишкорони пешгом Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ низ баланд бардошта шуд.

Имрӯз,  варзишкорони тоҷик қариб дар ҳамаи намудҳои варзиш фаъолона ширкат меварзанд. Махсусан, дар намудҳои варзиши сабук, гуштини миллӣ, ҷудо, самбо ва футбол ба комёбиҳои назаррас ноил гардидаанд. Дар бозиҳои қитъаҳои Осиё ва давлатҳои исломӣ варзишгарони тоҷик соҳиби медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ гардида, Парчами кишварро баланд бардоштанд. Хусусан, дар чанд даҳсолаи охир соҳаи варзиш дар ҷумҳурӣ ба пешрафт ноил гардида, футболи тоҷик низ дар ин давра нашъунамо ёфта, муваффақиятҳое низ дорад.

Тими футболи Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии Чемпионати ҷаҳон ҳарифони худро мащлуб сохта ба даври навбатии чемпионати ҷаҳон оид ба футбол роҳхат гирифт.

Бояд қайд кард, ки дар рушди футболи кишвар нақши Раиси федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ беназир аст ва маҳз дар ҳамин давра футболбозони мо дар бозиҳои байналмилалӣ муваффақияти бештаре ба даст оварданд.  

Дар соли 2023 ба шарафи варзишгарони тоҷик даҳҳо маротиба  Суруди миллии кишварамон дар арсаи байналмиллалӣ садо дода Парчами миллӣ афрохта шуд. Қайд намудан ба маврид аст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба варзишгарон щамхории зиёд зоҳир менамояд. Онҳое ки соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ яъне медалҳои тилло, нуқра ва биринҷӣ дар мусобиқаҳои байналмиллалӣ гардиданд бо мукофотҳои пулӣ ва хонаҳои истиқоматӣ қадрдонӣ карда шуданд.

Бояд қайд намуд,ки воқеан ҳам варзиш қосиди сулҳ мебошад. Ҳарчанд,ки дар гӯшаҳои гуногуни олам даргириҳо,ҷараёни терроризму экстримизм реша давонда бошад ҳам ба ҳамаи ин нигоҳ накарда то даме, ки дар дунё ҳаёт вуҷуд дорад варзиш ҳамчун қосиди сулҳ ва муҷдаи сулҳу амонӣ хизмат хоҳад кард. Варзиш ба ҳайси қувваи сулҳу осоиштагӣ пеши роҳи ҷанҷолу хунрезиҳоро хоҳад гирифт, зеро варзиш сарҳад надорад ва халқу миллатҳои гуногунро ба муттаҳидӣ, ягонагӣ ва адолат даъват мекунад. Варзиш гарави саломатӣ ва боигарии миллат мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистони соҳибистиқлолро дастовардҳои нави варзишӣ интизор аст. Чӣ тавре, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баён менамоянд: «Тоҷикистон ба пеш»!

Мо, ин суханони Пешвоямонро ба худ шиор намуда, ба варзиш бояд машғул шавем, ки Тоҷикистон бояд доимо дар сафи пеш бошад.

Илҳомзода А.И

мудири кафедраи варзиш ва мудофиаи шаҳрвандӣ