Ҳоло дар Тоҷикистон 16 корхона ба истеҳсоли семент машғул аст. Имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Заробиддин Файзуллозода ба саволи хабарнигори АМИТ «Ховар» вобаста ба истеҳсол ва содироти сементи ватанӣ посух дод, ки солҳои охир дар Тоҷикистон истеҳсоли семент рушд меёбад.
Бино ба иттилои номбурда, дар 6 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 1,9 миллион тонна семент истеҳсол шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44,7 ҳазор тонна зиёд аст. Аз ин миқдор 668,5 ҳазор тонна ба ҷумҳуриҳои Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Афғонистон содирот шудааст. Аз ҷумла, ҳаҷми сементи содиротшуда ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон 333,6 ҳазор тонна, Ҷумҳурии Қирғизистон 40 ҳазор тонна ва Ҷумҳурии Исломии Афғонистон 294,6 ҳазор тоннаро ташкил медиҳад.
«Бояд зикр намуд, ки дар 6 моҳи соли равон нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 44 ҳазор тонна семент камтар ба Ӯзбекистон содирот шуд. Ҳоло талабот ба ин намуди маҳсулот дар бозори Ҷумҳурии Ӯзбекистон хеле зиёд аст. Инчунин дар масъалаи ҷумҳурии ҳамсояро бо семент таъмин намудан Сафири Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо муроҷиат намуд ва мо кӯшиш менамоем, ки он талаботе, ки ин ҷумҳурӣ ба ин навъи маҳсулот дорад, онро таъмин намоем»,- гуфт Заробиддин Файзуллозода.
Бояд гуфт, ки дар зиёд шудани истеҳсоли ин навъи маҳсулот саҳми ҶДММ «Чунгтсай Моҳир семент» ва «Хуаксин Ғаюр семент»-и ноҳияи Ёвон, «Хуаксин Ғаюр Суғд семент»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва «Сементи Тоҷик» хеле назаррас мебошад.