Б. Маҳмадалӣ: Дар ин ҷо ман сарпарасти шумо донишҷӯёни азиз ҳастам, чӣ камбудие доред, муроҷиат кунед, кӯмак мекунам, аммо шумо хуб хонед!

Имрӯз, ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ бо донишҷӯёну омӯзгорони факултети металлургия ва иқтисодиёти саноатӣ мулоқоту машварат намуданд. Дар ин мулоқот ректори донишкадаро муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова Мавлуда, декани факултети металлургия Шамсиддинов Шӯҳрат, декани факултети иқтисодиёти саноатӣ  Саидов Мустафохон ҳамроҳӣ намуданд.

Ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ дар бораи муҳимияти ихтисосҳои мавҷудаи факултетҳо сухан ронда, аз худ намудани ин ихтисосҳоро ҳатмӣ ва зарурӣ ҳисобиданд. Сипас, дар бораи шарту шароит ва имкониятҳои донишкада сухан ронда, илова намуданд, ки Донишкадаи кӯҳию меатллургии Тоҷикистон маҳз бо дастгириву ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳадати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъсис дода шудааст ва барои сазовор шудан ба ин бовариву ғамхории Роҳбари давлат ҷавобан мо бояд, илмҳои замони муосирро аз худ намуда, мутахассиси хуб шавем. Шумо донишҷӯёни азиз, бояд ҳар лаҳзаву соати худро барои омӯхтани донишҳоли нав аз худ намудани илмҳои замони муосир сарф намоед, то тавонед, ки ҳамчун мутахассис дар соҳа хидмат намуда бошед. 

Ҳамчунин, ректори донишкада профессор  Бахтиёр Маҳмадалӣ  ба донишҷӯён иттилоъ доданд, ки ҳар яки шумо ба олимон, дотсентҳо ва профессор вобаста ҳастед ва шумо метавонед, аз онҳо ҳаққи худро талаб намоед ва дарсҳои иловагӣ гиред, маҳфилҳои илмӣ ташкил намоед ва донишҳоро омӯзед, то дар оянда шуморо ҳамчун мутахассиси варзида эҳтиром кунанд.

Ҳамзамон, ректори донишкада илова намуданд, ки агар ягон камбудиву мушкил доред мустақим ба ман муроҷиат намоед, дар ин донишкада ман бародари шумо, дӯсти шумо, омӯзгори шумо, фарзанди падари шумо  ва роҳнамоӣ шумо ҳастам ва то он замоне, ки ҳастам бароятон кӯмак мекунам, дар ҷавоб шумо донишҷӯёни азиз хубу аъло хонед, касбҳоро аз худ намоед, то барои ободиву пешрафти кишвар саҳми худро гузошта тавонед. 

Инчунин, дар ин мулоқот муовини ректор оид ба тарбия Аминҷонова М. низ суханронӣ намуданд. Дар  чорабинӣ ҳамчунин омӯзгорон Абдуллоев Икром, Ғоибов Алишер ва донишҷӯ Шерхонов Шоҳрӯз суханронӣ намуда, андешаҳои худро баён намуданд.

 

Шуъбаи иттилоот