ДУШАНБЕ, 06.01.2019 /АМИТ «Ховар»/. «Роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо табрикоти солинавии худ, ки дар Фейсбук ниҳодааст, бӯкаламунро ба ёд меорад», — навиштааст Сархатиби вилояти Суғд дар номаи худ, ки ба АМИТ «Ховар» ирсол намудааст. Матни пурраи онро дар зер пешкаш менамоем.
Соли 2018-и мелодӣ соли хайру барака, соли пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ дар Тоҷикистон буд. Дар ин сол бисёр ободкорию созандагиҳо рӯи кор омаданд, бо ташаббус ва таҳти роҳбарии одилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйдоди таърихӣ дар арсаи чаҳон амалӣ гашта, иншооти бузурги аср- Неругоҳи барқи обии «Роғун» ба фаъолият шурӯъ кард. Ин рӯзи муборакро тамоми давлатҳо, ташкилотҳои бонуфузи дунё ва инсонҳои бузурги олам барои Тоҷикистон ва миллати тоҷик муборакбод гуфтанд, аммо хоинони миллат ангушти ҳайрат газиданд.
Дар арафаи соли нави мелодии 2019 дар матбуоти давр бо ниятҳои нек ҳазорон номаҳои муборакбодӣ нашр гардиданд, ки ин табрикот ба хонанда рӯҳияи баланд бахшида, умеду орзуҳои навро дар дил пайдо мекард. Дар байни ин номаҳо чашмам ба матни муборакбодии соли нави мелодии роҳбари ТЭТ-и Ҳизби хиёнаткори Наҳзат (имрӯз номи ташкилоти экстремистӣ-террористиашро иваз кардааст) Муҳиддин Кабирӣ бархӯрд. Ман аз ин дурӯягӣ дар ҳайрат мондам ва маънои даҳҳо оятҳои Қуръони карим, ки дар ҳаққи шахсоне, ки зоҳирашон хилофи ботинашон, ончӣ дар дилашон нест, бо забон мегӯянду онро рӯи коғаз меоранд ва ошкоро мегӯянду хилофи онро дар дил пинҳон медоранд, пеши назарам омад. Ва ба худ гуфтам: Муҳиддин Кабирӣ то рӯзе, ки дар Эрон назди охундҳо буд, солшумории мелодиро ҳаром ва табрикоти онро маҳкум мекарду имрӯз хилофи ақидаи худ амал мекунад, сабаб чӣ бошад? Ӯ бо ин амалаш боз як бори дигар пардаро аз рӯи худ кушод.
Роҳбари Ташкилоти террористию экстремистии Ҳизби гаҳзати исломӣ Муҳиддин Кабирӣ бо табрикоти солинавии худ, ки дар Фейсбук ниҳодааст, бӯкаламунро ба ёд меорад. Буқаламун ё худ ҳирбо навъе аз ҳайвоноти сусмормонанди кишварҳои гарм аст, ки ранги пӯсти худро вобаста ба муҳит дигар мекунад. Тавре Носири Хусрав гуфтааст: «Ҳоли ӯ чун ранги буқалмун набошад як ниҳод…».
Инсони дарбадар ба ҳар кӯча медарояд, барои манфаати худ ҳатто ватану миллати худро мефурӯшад. Муҳиддин Кабирӣ имрӯз дар Аврупо зиндагонии муҳоҷирона дораду бо баъзе ташкилотҳое, ки нисбат ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ва миллати тоҷик ниятҳои муғризона доранд, хидмат мекунад. Ӯ медонад, ки агар муросо накунад, хилофи ақидаи худ изҳори ақидаи аврупоӣ накунад, аз як даҳон нони бо миннат маҳрум мешавад, барои ҳамин ҳам қалам ба даст гирифта, номаи муборакбодии соли нави мелодӣ навишта аст.
Ман аз ин табрикоти дилнохоҳу аммо ба нашр расондаи Кабирӣ хулоса баровардам, ки ин дар назди аврупоиён як тамаллуқ, чоплусӣ ва риёкорӣ асту халос.
Ҳоҷӣ Ҳусайн МӮСОЗОДА,
Сархатиби вилояти Суғд