БОЯД ИФТИХОРИ МИЛЛӢ ДОШТА БОШЕМ

Дар аксари давлатҳои рӯи олам пешравиҳои иқтисодиву иҷтимоӣ рӯ ба беҳбудӣ оварда бошанд ҳам, муаммою мушкилию ҷаҳони муосир бо роҳҳои гуногун паҳн гашта истодаанд.
Муаммою мушкилоти аз ҳама ташвишовар ин доман паҳн кардани зуҳуроти номатлуб – терроризму экстремизм мебошад, ки хатар ба амнияти инсонӣ аст. Воқеан, рафтори шахсони ифротгаро ҳеҷ гоҳ беҷавоб намемонад ва ҳар як шахсе, ки нисбат ба Ватану халқи хеш носипосӣ менамояд, ҷавоб хоҳад дод.
Ин қабил шахсон аз барои пули ночизе ору номус ва Ватани худро фурӯхта, ғуломони хоҷагони хориҷа мешаванд. Онҳо берун аз давлати худ истода, оромию тинҷии Ватани худро ноором месозанд. Ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳар гуна ҳангомаҳоро паҳн карда, ба мафкураи мардум, бахусус ҷавонон таъсир расониданӣ мешаванд. Чуноне роҳбарон ва аъзои ТТЭ ҲНИ аз хориҷи кишвар истода, чунин амалҳоро анҷом медиҳанд.
Аммо ин роҳ роҳи хато ва хиёнат ба Ватан аст. Онҳо ҳеҷ гоҳ ба мақсади худ намерасанд, зеро мардуми Тоҷикистони азизи мо дорои қудрати баланди ватанпарастӣ, инсонигарӣ буда, дастовардҳои истиқлолияти худро ҳамаҷониба ҳимоя мекунан. Имрӯз пояҳои Истиқлолияти давлатии кишвари мо мустаҳкам буда, мардум бо иродаи қавӣ баҳри рушди диёр талош доранд.
Мо, устодон бояд баҳри пешгирӣ аз чунин зуҳуроти номатлуб бо ҷавонону наврасон, умуман аҳли ҷомеа корҳои тарғиботиву ташвиқотиро пурзӯр намуда, аз роҳи хато боздорем. Барои тарбияи онҳо аз мероси бойи гузаштагонамон истифода намоем. Насли наврасро бештар ба роҳи илму донишандӯзӣ ҷалб намоем, зеро ояндаи Тоҷикистон дар дасти ҷавонон аст.
Имрӯз моро зарур аст, ки бештар бо ҷавонон корбарӣ намуда, онҳоро ба китобхонӣ, донишандӯзӣ, ҳар гуна озмуну чорабиниҳо ҷалб намоем. Дар андешаи онҳо тафаккури солимро ҷо намоем. Агар ҳар як инсон бо ақли худ рафтор кунаду иродаи қавӣ дошта бошад, ҳеҷ гоҳ ба ин гуна роҳ намеравад. Зеро шаҳди ифтихори ватандорӣ аз тамоми шаҳд ширинтар аст.

Абдураҳмонова А.И.