Аз солҳои навадуми асри гузашта оғоз карда масъалаи қаҳрамон ҳисоб кардани босмачиҳо, рафтору кирдори онҳоро ситоиш кардан, бо «шаҳиди аъло» баробар кардани онҳо шуруъ гашт. Дар байни аҳли илм низ ин масъала баҳсбарангез буда, гуруҳе онҳоро хоинону душмани халќ ва гуруҳи дигар баръакс ватанпарасту ќаҳрамон медонанд. Ҳол он аст, ки барои комилан ҷавоби саҳеҳ гардонидан ба ин масъала таҳлил ва тадќиќи садҳо ҳуҷҷату санадҳои ҳарду дидгоҳ лозим аст.
(абухасан)
Муҳиддин Кабирӣ – раиси ба ном «Созмони шайтони миллат» дар суҳбати мустаќимаш тариќи шабакаҳои иҷтимоӣ иброз дошт, ки босмачиҳоро ҳамчун ќаҳрамонони миллат мешиносад. Қаблан изҳор дошта буд, ки насли саввуми босмачиҳо ҳастанд.
Он нафароне, ки дар мактабҳои шўравӣ таҳсил намудаанд, бешубҳа нисбати босмачиҳо нафрат доранд. Аммо солҳои 90-ум нисбати ин масъала нигоҳ дигаргун гардида аз босмачиён ќаҳрамонтарошӣ карданд. Воқеият он аст, ки он замон ҷанги шаҳрвандӣ буд. Як тоифа барои нигаҳ доштани ҳукумати худ мубориза мебурд ва тоифаи дигар барои ба даст овардани ҳукумат. Босмачиҳо барои нигах доштани ҳукумати худ мубориза мебурданд ва барои ноил гардидан ба ин кор аз амалҳои разилона низ даст намекашиданд. Масалан, дар як барқия, ки №353, ки ба ситоди амалиёт зидди босмачиҳо дар Фарғона тааллуқ дорад, чунин гуфта шудааст: «Дастаи Эргаш ба миқдори 800 нафар рўзи дуюм аст, ки сокинони уезди Ќўқандро террор карда, даст ба ғоратгарӣ зада ба қалъаи Бачкир ҷонварони зинда ва ашёро мекашонанд». Ин санад санаи 19 октябри соли 1919 таҳия гаштааст. Чї тавр ин воқеиятро инкор кардан мумкин аст? Босмачиҳо барои нигоҳ доштан ќқдрат даст ба ҷиноят ва ба ғорати халқи худ мезаданд. Пас, онҳоро чї гуна қаҳрамон номидан мумкин аст?
Ва ё ба санади дигар, ки № 450 санаи 31 декабри соли 1920 аз тарафи Комиссариати ҳарбии отряди Хуҷанд тартиб дода шудааст, менигарем: «Аҳолї арз мекунанд (мурод сокинони дењаи Сулюкта аст) агар Хуҷанд нисбати босмачињо ягон чора наандешад, мо маљбур мешавем, ки ба тарафи босмачињо гузарем, зеро онҳо моро ба зўрї ба худ њамроњ мекунанд ва агар касе ба онњо ёр нагардад, ўро ѓорат мекунанд, бо ќамчин зада сипас мераванд».
Ин як мисоли кўтоҳ аст, ки доир ба зулму ҷабри босмачиҳо сухан мекунад. Магар бо чунин кирдор босмачињоро ќаҳрамон гуфтан мумкин аст?
Бойгониҳоро кушода чунин санадњоро ҳазорҳо адад ёфтан мумкин аст.
Боз як бори дигар инро ҳам бояд гуфт, ки њаракати босмачигарї дар тамоми њудуди Осиёи Миёна ва ба истилоњи он ваќт Туркистони Ѓарбї сар зада буд. Ба босмачињо афсарони њукумати подшоњии рус – сафедњо њам њамроњ гашта буданд. Инро чї тавр фањмидан мумкин аст? Чанде пештар ин афсарони рус њоким буданд, акнун дўст шуда бо босмачињо њамроњ гардиданд? Мантиќ куљост? Дар њамон замон њам мардуми соддаро бо номи ислом гумроњ мекарданду ба мубориза даъват мекарданд, имрўз њам њамин кор амалї мегардад. Мусулмон будани мардумро истифода карда ба њадафњои сиёсї истифода мебаранд.
Кӯри Юнус (Юнус Бурҳонов) дар саҳифаи фейсбукияш номаи охирин Амири Бухоро Сайид Олимхонро таҳлил кардааст. Ҳаминро ҳам бояд гуфт, ки ин “сайидзода”-ро мардум «Олими гов» мегуфтанд аз сабаби бехирадиву ноўҳдабароияш. Аз таърих ҷустани ҳаќиќат лозим бошад, он кори гуруҳ ва ё ҳизби сиёсӣ нест, онро агар зарурати воќеӣ бошад, бояд дастаи зиёди олимони на танҳо Тоҷикистон, балки аз тамоми Осиёи Миёна ва хориҷа дар доираи таҳқиқоти илмӣ беғараз ва объективӣ ба анҷом расонанд.
Бобо ва ё бобокалони касе, ки иштибоҳан ва ё дониста ба дастаи босмачиён пайвастааст, қаҳрамон сохтан амри дуруст нест. Армияи Сурх ва болшевикҳо ҳам ба кирдори нодуруст даст задаанд, аммо нисбати босмачиҳо адолатро бештар таъмин мекарданд, ки ба манфиати аксарияти мардум буд.
Кабирї ва ё ягон нафар сиёсатмадор ҳуќуќ надорад, ки бе гузаронидани таҳќиќоти доманадор ин ё он тоифаро ќаҳрамон ва ё ватанфурўшу хоин эълон кунад.
И. Раҳимов