БОРИ КАҶ ҲАРГИЗ БА МАНЗИЛ НАРАСАД

Бо вуҷуди шароити беҳтарин ва имкониятҳои хуби зиндагӣ дар кишвар аъзоёни ТЭТ ҲНИ зиндагӣ дар хориҷро интихоб намуда, дар он ҷо фарзандонашонро ба тарбияву таҳсил таъмин намуданд ва машғули корҳои тиҷоратии сиёсӣ шуданд. Корҳои тиҷоратии сиёсиро дертар ба таври мухтасар шарҳ медиҳам.

 Аммо пас аз чанд соли охир маълум гардид, ки бисёре аз фарзандони ин тоифаи палид, ки дар хориҷ ба таҳсил фаро гирифта шуда буданд, на барои таълими дуруст ва саводомӯзӣ умри худро сипарӣ кардаанд, балки барои зарар расонидан бар ҳаёти осоиштаи мардум омодагӣ дидаанд. Инҳо ба ҷойи мактабу донишкадаҳо дар донишкадаву мадрасаҳои хоси динӣ, ки аксарияташ зери сарпарастии гурӯҳҳои террористӣ қарор дорад, омӯзиш гирифта, бештар аз барномаи террористон, яъне роҳҳои хиёнат ба мардум ва халал расонидан ба ҳаёти осоиштаро омӯхтаанд.

Наҳзатиён бошанд дар Ватан омада, қиссаи таҳсили фарзандонашонро реклама мекарданд ва боз дар пайи ҳамин садҳо ҷавони дигарро гумроҳ сохт. Тавре дар боло зикр намудем, дертар маълум гардид, ки ин ҷавонон аз мактабҳои махсуси террористӣ гузашта, барои амалҳои вазнин ва ҷиноятҳои мухталиф омода шудаанд. Шояд суоле ин ҷо сар занад, ки чаро маҳз барои фарзандони наҳзатиён ба ин роҳ рафтаанд ва барои наҳзатиёни палид чӣ намерасид?

Амиқан ба ин савол чунин посух додан мумкин аст, ки наҳзатиён на бо хоҳиши худ фарзандонашонро ба ин мактабу мадрасаҳои ифротӣ бурдаанд, балки бо супориши хоҷагони хориҷияшон, ки онҳоро сармоягузорӣ мекунад ба ин роҳ рафтаанд. Бубинед, наҳзатиёни палид ва ифротӣ барои пул шуда, ҳатто аз баҳри фарзандони худ ҳам гузаштаанд  ва хиёнат ба Ватану миллатро пеша кардаанд. Албатта, барои наҳзатиён камбудие набуд дар кишвар, аммо наҳзатиён аз рӯзи нахустини таъсиси худ бо супориши хоҷагон кор карданд ва аз барномаи хоҷагони худ берун намебаромаданд ва ҳамеша ба каҷрафториҳо машғул буданд. Онҳо аз аввал мақсади нек надоштанд ва аз аввал мехостанд ба ҳар роҳе ки набошад ба миллати тоҷик хиёнат кунанд.

Дар мардум мақоле ҳаст, ки мегӯянд “Бори каҷ ба манзил намерасад” ва дар ҳақиқат ин каҷтинатон ба мақсади нопоки худ нарасиданду имрӯз дар хориҷи кишвар ба дасисабозӣ машғуланд, ки ҳаргиз ба мақсадҳои палидонаи худ нахоҳанд расид.

                                                                          А.Олимов

                                                                          омӯзгори ДКМТ