БОРИ КАҶ БА МАНЗИЛ НАМЕРАСАД

            Сухан дониста гӯй то дӯстро душман нагардонӣ,

            Зи ҳарфи бетаҳаммул ошно бегона мегардад.

          Ҳарчанд сухан ин пайвандгари қалбҳост лекин дар баъзе ҳолат боиси нооромӣ байни халқу миллатҳо гардида, маънавиёти ҷомеаъро коста мегардонад ва боиси паҳн гардидани ақидаҳои гуногун  байни мусулмонони кишвар мегардад. Аз ҳамин лиҳоз дар ҷомеаъ нақшу фъолияти рӯзноманигорон баҳри пешрафти насли ояндасози миллат мақоми махсусро дорад.  

         Ба нашр расидани рисолаи Далер Шарипов рӯзноманигори тоҷик таҳти унвони “Муҳаммад (с) ва теруризм”- як зумра адибони кишварро ба таҷҷуб овардааст. Ӯ дар рисолаи динии худ аз ақидаҳои тарғиботии “Ихвонул-муслимин” як қатор иқтибосҳоро ҷой додааст, ки ягон асоси илмӣ надорад. Ҳол он,ки баъди таълифи ин асар аз ҷониби ягон олим ё муҳақиқ таҳлил наёфтааст ва ба нашри он ягон иҷозате нашудааст.

          Дар замоне, ки давлату миллат ба нерӯи созандаи адибони ҷавон  боварии калон дорад, ин амали Далер Шарипов боиси нигароӣ буда, обу рӯи аҳли қаламро коста мегардонад.

          Мо ин амали Далер Шариповро маҳкум намуда, ба ҷавонони кишвар гуфтанием, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир ба таври куллӣ ҳеҷ кишваре бе пуштибонӣ аз манфиатҳои худ кишвари дигареро дасгирӣ ва кӯмак нахоҳад кард. Мо танҳо дар сарҷамӣ ва ҳамфикрӣ метавонем пеши роҳи чунин амалу кирдорҳои иғвоангезро гирифта, баҳри ободии кишвар саҳмгузор бошем.

                                                                                       Холова Ф.Ф.