БОНУВОН БО НЕКРАФТОРӢ ВИРДИ ЗАБОН

Дар толори Шурои олимони донишкада бо иқдоми шуъбаи шаҳрии ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва Шурои ҳаракати ваҳдати миллӣ бобати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ва ифротгароӣ мулоқот доир гардид. 

Нахуст, Орифи Содиқ раҳбари Шурои ҳаракати ваҳдати миллӣ  дар шаҳри Бӯстон андар маърузаи пурмуҳтавои худ баён дошт, ки маҳз бонувон ба шарофати гуфтору рафтори неки худ дар ҷомеа нуфуз доранд. 

Ҳамчунин ҷомеашинос Рафоат Бобоева пешниҳод намуд, ки бобати тарбияи насли наврас занон фаъолона саҳмгузор шаванд. Чунки маҳз ба шарофати некрафторӣ бонувон вирди забони аҳли ҷамъият мебошанд.