БОКАМ АЗ ТУРКОНИ ТИРАНДОЗ НЕСТ…

Терроризм ва экстремизм, ки инсоният аз замонҳои қадим ба он рў ба рў гардидааст  ба хусус дар асри XX ба сурати даҳшатнок даромад ва ба мисли вабои аср кишварҳои зиёди ҷаҳонӣ муосирро сироят намуд. Дар мамолики исломӣ ин падида бештар дар зери ниқоби ислом густариш ёфт ва дар як муддати кўтоҳ садҳо аҳзобу созмонҳои исломӣ пайдо шуданд, бештари онхо аз ҷониби давлатҳои манфиатхоҳ маблаггузорӣ мегардиданд. Мусаллам аст, ки роҳбарони чунин аҳзобу созмонҳои «исломӣ» ҳадафҳои сиёсӣ ва геополитикии хоҷагони хориҷии худро дар олами ислом амалӣ сохта вале бар хилофи манфиатҳои миллию давлатии хеш вазъияти иҷтимоӣ-сиёсиро халалдор месозанд.

Мутаассифона ин падидаи номатлубҳо фурўпошии Иттиҳоди Шуравӣ дар манотики мусалмоннишини ин абаркудрати ҷаҳонӣ нуфуз пайдо кард, ки воқеъоти ҷумхуриҳои Қавқозу Тоҷикистон дар ибтидои солҳои 90-ум шоҳиди ин даъвост. Инчунин аҳолии бешумори як қатор кишварҳои исломӣ ба мисли  Сурияю Либия ва Ироқ то ба имрўз аз дасти ин гурўҳҳои ифротӣ ҷони худро аз даст дода, иддае фирори гаштанд ва ба иқтисодиёти ин кишварҳо даҳҳо млрд доллар ҳисороти моли ворид гардид.

Зимнан бояд хотирнишон сохт, ки дар ҷумҳурии мо низ ин падидаи номатлуб дар нимаи дуюми солҳои 80-ум бо роҳандози гардидани «перестройкаи» Горбачиёвӣ оѓоз ва дар як муддати кўтоҳ тамоми ҳудуди ҷумҳуриро бо номи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бо сардории С.А, Нўри, М. Ҳимматзода, Давлат Исмон, Қорӣ Мухаммадҷон ва амсоли инҳо фаро гирифт. Маҳз ба майдони сиёсат воридшавии ин ҳизби ифроти роҳро барои кишварҳои манфиатхоҳ боз намуд. Маҳз бо сармоягузории онҳо роҳбарияти ин ҳизб дар ибтидои солҳои 90 ба ташкили гирдихамоиҳо оГоз намуд, ки он дар ниҳояти кор ба бархўрдҳои мусаллахона ва ҷанги шахрванди оварда расонид. Натиҷаи амали онҳо ба он оварда расонид, ки вилояти овозадори Қуронтеппа ба майдони набардҳои бародаркўши табдил ёфт ва садҳо ҳазор сокинони он ба АфГонистон ва ҷумҳуриҳои собиқ Шуравӣ фирори гардиданд ва корхонаҳои азими саноатии он аз кор монданд.

Бояд хотирнишон сохт, ки соли гузашта дар ҳаёти сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеаи басо муҳим рух дод ин буд, ки бо Қарори Суди Олӣ  фаъолияти ҲНИТ  манъ ва он ҳамчун ташкилоти террористӣ – экстремистӣ шинохта шуд. Сарони ин ҳизби ифротӣ пас эъломи ҳалномаи Суди Олии кишвар дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон сару садо баланд намуда, ин қарори судро хостанд дар чашми ҷаҳониён назди Сарқонуни кишвар арзёби намоянд. Вале ин ҳалномаи сарнавиштсози барои ҳаёти сиёсии ҷумҳури муҳимро судяи Суди Олӣ Азизов Шамс Одинаевич, ки вай аз тамоми ҷузъиёти ин парванда ба хуби огоҳ аст, қабул намуда буд. Аз ин рў вай дар суҳбаташ бо рўзноманигор Шарифи Ҳамдампур тамоми ҳадафҳои нопоки ин ҳизби ифроти ва хоҷагони хориҷии онро боз ва ба ҳамагон маълум сохтааст. Аз ҷумла мавсуф зикр намудааст, ки дар «5 соли охир 45 нафар аъзои ҲНИТ  ҷиноятҳои гуногуни вазнин ва махсусан вазнин содир намуда, нисбат ба кирдорҳои ғайриқонуниашон  қарорҳои  ниҳоии судӣ қабул  карда шуданд, 17 нафари онҳо бинобар даст доштан дар ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистӣ ва террористӣ, аз қабили ташкили иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, иштирок дар иттиҳоди экстремистӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зўроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд».

Чӣ тавре ки мебинем ба туфайли фаъолияти пайваста мақомоти қудратии мо тавонистаанд, ки ин амалҳои ҷиноятии аъзо ва роҳбарони сатҳҳои мухталифи ин ҳизбро муайян ва даст доштани онҳоро дар амалҳои террористӣ исбот ва онҳоро тибқи қонун муҷозот намоянд.

Исботи иртиботи ногусастани доштани ин ҳизбро бо ДИИШ фош намуда, исбот намуданд, ки дар кори овехтани парчами ин ташкилоти ифротӣ дар кўпруки деҳаи Чашма-1-и ш.Норак11-уми августи соли 2015 панҷ нафар аъзоёни ҲНИТ Саидов Д., Фозилов Д., Пиров Қ., Хоҷамуродов Т. ва Ҷ. Абдуллоев буданд, ки онҳо ин амали худро бо мақсади барангехтани адовати сиёсӣ ва динӣ ва дар ин замина халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва тарсонидани аҳолӣ анҷом дода буданд.

 Гузашта аз ин мақсади ташкил намудани гурўҳҳои махсуси низомӣ бо мақсади забти Қасри миллат, Вазорати корҳои дохилӣ, Кумитаи амнияти миллӣ фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ва дигар сохторҳои ҳаётан муҳими кишвар шаҳодати он аст, ки раёсати ин ҳизби ифротӣ ҳеҷ гоҷ аз мақсади бо роҳи зуроварӣ Гасб намудани ҳокимияти сиёсӣ ва ташкили ба истилоҷ давлати исломӣ даст накашида будааст. Онҳо зери шиори сулҳу ваҳдат тибқи фармудаи хоҷагони хориҷии худ ба иқдомҳое даст мезадаанд, ки баръакс барои аз байн бурдани сулҳу субот дар кишвар ва ҳифзи манофеъи геополитикии бегонагон  равона гардида будааст.

Махсусан аъмоли ҷиноятии ин ҳизби ифротӣ рўзҳои 3-4 сентябри соли 2015 ҳангоми кўшиши кудатои давлатӣ бо сардории А.М. Назарзода боз ҳам бештар маълум гардид, ки онҳо беш аз 150 нафарро силоҳ дода ба пойгоҳи низомӣ дар шаҳри Душанбе ва бахши милисаи ноҳияи Кофарниҳон ҳамлавар гардиданд. Аммо ба ивази қурбонӣ мақомоти қудратии мо тавонистанд ин хоинони ватан ва душманони миллатро маҳв намуда пеши роҳи бесуботию нооромиҳоро дар кишвари азизамон боздоранд.

Дар охир ба ин нуқта ишора фармуд, ки билохира бо Қарори Суди Олӣ пеши роҳи фаъолияти ин ҳизби ифротӣ,  ки пиёдасози манофеъи кишварҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон буд манъ карда шуд ва роҳбарияти сиёсии он тибқи аъмоли ҷиноияшон ба муҳлатҳои мухталиф равонаи зиндон гардиданд.  Мавлоно Ҷалолиддини Румӣ шояд дар нисбати чунин ашхос ин байтро гуфтааст:

Бокам аз туркони тирандоз нест,

Таънаи тироваронам мекушад!

                                                                                        Парвизи Машҳур

                                                                                          омӯзгори ДКМТ