БОЗТОБИ БОСМАЧӢ ВА БОСМАЧИГАРӢ ДАР ОСОРИ УСТОД АЙНӢ

Ба иллати шиддат гирифтани авзои муошират дар интернет ҳар гуна афкори носолим оид ба ҳаракати босмачигарӣ ҷорӣ мешавад. Дар ин маврид мақолаи таҳлилии Исомиддин ШАРИФЗОДА, номзади илмҳои фалсафа дар рузномаи “Ҷумҳурият” басо бамаврид нашр шудааст, ки “ Яке аз мавзӯъҳое, ки вақтҳои охир дар матбуот ва шабакаҳои иҷтимоӣ мавриди баҳс қарор гирифтааст, масъалаи босмачӣ ва босмачигарӣ аст, ки бо гузашти тақрибан 90 сол аз шикасти ин ҳаракати иртиҷоӣ, дубора иддае меҳоҳанд он гурӯҳи ғоратгарро истиқлолталаб муаррифӣ намоянд.

Устод Садриддин Айнӣ, ки шоҳиди воқеоти аввали асри 20 дар минтақаи Осиёи Марказӣ буд, таҳаввули вазъиятро дар минтақа ва чӣ гуна созмон ёфтани гурӯҳҳои мухталифро хуб дарк намуда, ҳанӯз дар ибтидои замони шаклгириашон нисбат ба онҳо фикру ақидаи хешро баён намудааст. Аз ҷумла, дар бораи босмачиён ва чӣ гуна шакл гирифтани ҳаракати босмачигарӣ ҳанӯз соли 1921 дар 3 шумораи рӯзномаи «Шуълаи инқилоб» бо имзои Сим Мим мақолаҳои устод Айнӣ таҳти унвонҳои «Босмачиёни Фарғона кистанд?» (№83, 22.08.1921), «Бо босмачиёни Фарғона чӣ гуна мубориза бояд кард?» (№84, 1.09.1921), «Дуздӣ ва ғоратгарӣ дар Самарқанд» (№85,12.09.1921) ба нашр расидаанд.

Дар мақолаи аввал устод Айнӣ сурату сирати босмачиён ва омилу сабабҳои пайдоиш ва шаклгирии онҳоро ошкоро баён менамояд. Ҳарчанд мақола кӯтоҳ аст, ба аксар суоле, ки то имрӯз мавриди баҳсанд, ҷавоби муъҷаз ва қонеъкунанда пешниҳод менамояд.  Қабл аз оне, ки хулосаҳои хешро дар мавриди навиштаи мазкур баён созем, зарур мешуморем онро ба андак ихтисор биёварем, то матлаб пурра равшан шавад:

 «Маълум аст, ки яке аз масоили муҳимаи Ҷумҳурияти Туркистон, ки имрӯз дар навбат гузоштааст, дафъи босмачиёни Фарғона аст. Мо аз он пеш, ки дар тариқи дафъи онҳо фикри оҷизонаамонро арз кунем, лозим аст, ки ба хонандагони гиромӣ қадре аз таърихи пайдо шудан ва аз аҳволи эшон шарҳ намоем.

Фарғона дар аҳди куҳна низ дар Туркистон марказ ва манбаи босмачиён ба шумор мерафт. Азбаски Фарғона қитъаи ободтарини Туркистон, маҳали пахта ва мавқеи абрешим буд, мустамликон ва рибохорони яҳуд дар он ҷо гирд омада, ҳама сарват ва сомони он қитъаи ҷаннатишонро аз заминҳои ҳосилхезаш ба дасти худ дароварда, аҳолии аслиро ба муздурӣ ва ғуломӣ гузоштанд. Табиӣ, ин ҳол сабаби бекории як қисми аҳолӣ шуда, бекорӣ боиси бадахлоқӣ ва дуздӣ гардида, аз ин ҳол ҳамеша босмачигӣ ва моли якеро чопидан шурӯъ ёфта буд.

Касрати шаробхона ва фаҳшхона машҳуринаш (чунончи фаҳшхонаи сим) дар Фарғона барои ифсоду итлофи ахлоқ ва моли мардум таъсис ёфта буд, як дараҷа ба бисёр шудани дузд ва босмачӣ сабаб гардида буд.

Аҳвол бад – ин минвол буд, ки инқилоб дар Русия воқеъ шуда, баъд аз инқилоби Уктабр як қисми мухториятхоҳон дар Фарғона ҳукумати мухторе таъсис карда, муҳофизаи шаҳрро ба дасти Эргаш ном, ки яке аз сархелони дуздони машҳур буд, супурд. Эргаш ба атрофи худ аксари ҷавонони дуздро гирд оварда, фикри истибдод ва иҷрои шарорати коминаи худ буд, ки мухторияти Хуқанд зеру забар шуда, Эргаш бо як қисми нукарони худ ба нуҳоли Хуқанд баромада, ба касбу кори собиқи худ, ки иборат аз дуздӣ ва яғмогарӣ буд, машҳур гардид. Ҳадси собит (ҳисси тахминӣ), ҳаминро нишон медиҳад, ки агар фаразан мухторият давом ҳам мекард, Эргаш ба он ҳукумат низ содиқ намемонд.

Дар аввали ваҳла азбаски ҳукумати шӯроӣ дар Фарғонаи заиф, бинобар фоҷиаи мухторият ташкилотҳо нотавон буд, ташкилоти Эргаш қувват гирифта, асоса ва дабдабааш афзуд.

Ҳангоме ки дар Фарғона ҳукумати шӯроӣ таъсис ёфта, ин кор ба кайфи баъзе муллоён ва эшонони муфтхӯр, мустамликон ва муҳоҷирони рус бархӯрд, инҳо ба ташкилоти босмачиён ҳамроҳӣ карда, эшонро ҳомии дин ё ки мухториятхоҳ ё ки меншевик ба қалам дода, аз қувваи эшон истифода карданӣ шуданд.

Бо ин ҳама  босмачиён на ҳомии дин ва на мухто-риятхоҳ, на меншевик, балки аз ҳама чиз пештар дузди ғаддор ва яғмогари хунхоранд. Ҳамин аст, ки эшон аз аҳди Эргаш ва Муҳаммадаминбек то имрӯз ба ҳамдигар ҳамчашмӣ ва рақобат карда, миёни худ муҳориба ва пайкор доранд. Инчунин, эшон ягон амри шариатро зоҳиран ҳам бошад, риоя накарда ҳамеша ҷавонони амрат ва занону дӯшизаи мардумро ба зӯру тааддӣ ба атроф ҷамъ карда, ирзу номуси фуқароро помол ва сомонашонро бераҳмона тороҷ менамоянд. Пас, маълум шуд, ки эшон дуздони одӣ буданд…».

Аз навиштаи устод Айнӣ метавон ба чанд хулоса расид:

  1. Босмачиён гурӯҳҳои дуздон ва ғоратгаронеанд, ки ҳанӯз қабл аз инқилоб дар минтақаи Фарғона вуҷуд доштаанд, пешаи асосии онҳо дуздӣ буд ва аз лиҳози адаб ҳеҷ арзиши баланди ахлоқиро доро набуданд. Онҳо ба фасоду фаҳш гирифтор буданд. Мафҳуми «босмачӣ» дар фаҳмиши устод Айнӣ ба мафҳуми «дузд» баробар аст.
  2. Пас аз инқилоб ин гурӯҳи дуздон аз вазъи нобасомон истифода карда, гурӯҳҳои худро таъсис доданд ва ба ғоратгарии мардум шурӯъ намуданд.
  3. Устод Айнӣ алайҳи онҳое, ки имрӯз мехоҳанд босмачиро ҳомии дину оину истиқлолталаб муаррифӣ намоянд, ҳанӯз дар ҳамон соли 1921 онҳоро на ҳомии дин, на мухториятхоҳ, балки, пеш аз ҳама, дузд, ғаддор ва яғмогару хунхор ба қалам медиҳад.
  4. Устод Айнӣ мутмаин аст, ки дар байни босмачиён идеяи истиқлолиятхоҳӣ, умуман, вуҷуд надошт.
  5. Босмачӣ дузд ва бадахлоқест, ки ҳеҷ ягон амри шариатро ҳатто зоҳиран ҳам риоя намекард ва бо амалҳои фосиқи худ шармандаву рӯсиёҳ шудааст.”

Ба ақидаҳои ин олим шарик шуда гуфтанием, ки воқиф будан аз таърихи миллати худ ба нафъи кор аст.

 

 

И. Абдуллоев ,

номзади илмҳои таърих