БОЗДОШТИ ДАЛЕР ШАРИФОВ ВА ШИКАСТИ МУҲРАИ ПИНҲОНИИ “ИХВОН-УЛ-МУСЛИМИН”

Дар пайи боздошти Далер Шарифов як рӯзноманигори ифротгаро ва пайрави наҳзатиён дар кишвар ахиран душманони миллати тоҷик бештар садо баланд карданд ва аз ӯ хостанд як чеҳра созанд ва дар пайи ин бештар ҳамон журналистони ифротӣ ба монанди Зафари Суфӣ, ки яке аз хоинон ва душманони миллати тоҷик асту бо маблағи хоҷагони хориҷияш дар кишвар чанд расонаро фаъол карда буд ва бештар аз мавқеи наҳзатиёни палид ҳимоят мекард ва Сайидмуҳиддин Дӯстмуҳаммадиён, ки дар пайи фирори наҳзатиён ба Аврупо кӯч баст, мебошанд, ки онҳо ҳарду ҳам хиёнаткорон ва душманони ин миллат мебошанд.
Зеро ҳарду ҳам аз мавқеи наҳзатиёни палид ҳимоят мекарданд ва ҳарду ҳам бештар бо Кабирии террористу авбош ҳамкорӣ менамуданд, ки акнун аз ин террористаки пинҳонияш, ки ҳоло ошкор шудааст, ба гунае мехоҳанд ҳимоят кунанд ва асрори ТТЭ ҲНИ-ро пинҳон нигоҳ доранд.
Ин наҳзатиёни палид асло намеандешанд, ки  мардумро дигар бо ин гуна суханҳо фиреб дода намешавад ва ифротгароиву пайравии Далер Шарифов  аз созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” ошкор гардидааст, ки ин як зарбаи бузург ба паҳлӯҳои пинҳони наҳзатиён низ мебошад.  Зеро наҳзатиён ҳамеша ба таври пинҳонӣ аз созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” ҳимоят мекунанд ва ин нашри пинҳонии рисолаи Далер Шарифов ҳам бо мақсади тарғиби ифротгароӣ буд, ки ҳоло дигар маълум шуд.
Бояд ба ин нафарон ба ном “журналист” ва дар асл террористу ифротгаро ва ҳомиёни Кабирии палид бигӯям, ки гуноҳи Далер Шарифови ифротгаро исбот шудааст ва ӯ ҳеҷ вақт наметавонад ҳамчун журналист, худро муаррифӣ кунад, зеро қонунро нақз кардааст.
Барои баъзе кӯрон ва курботинони наҳзатӣ порае аз изҳороти Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро меоварам, ки овардааст: “ Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд”.
Дар ҷои дигаре дар ҳамин баёния хиёнати бузурги Далер Шарифов ба таври окшоро маълум карда шудааст, ки аз ҷумла: моҳи июни соли 2019 Шарипов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд”.
Пас куҷои ин нафар журналист аст????
Оё рисолати рӯзноманигори даъват барои содир намудани амалҳои террористиву экстремистӣ мебошад???
Ё Шумо журналистонро ҳамин хел омӯзиш додаанд???
Ин рафтори далер Шарифов худ аллакай хилофи меъёрҳои байналмилалии журналистӣ мебошад, пас чаро аз ӯ акнун бояд ҳамчун қаҳрамон ёд кард???
Ҳимоят кардани чанд террорист ва он ҳам наҳзатиёни палид на озодии виҷдон асту на озодии баён. Зеро ин наҳзатиёни палид мехоҳанд бо ҳамин роҳҳо худро миёни ҷомеа маҳбуб созанд, аммо ҳақиқат ин аст, ки ин Далер Шарифов ифротгаро буд ва ҳамеша ифротгароиро тарғиб кардааст, ки ин амал хилофи қонунгузорӣ мебошад.
Онҳое, ки аз Далер Шарифов ҳимоят мекунанд бояд ба ин савол ҳам аввал ҷавоб бигӯянд, ки оё рисолати журналистика даъват барои содир намудани амалҳои террористӣ-экстремистӣ аст????!!!
М.Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ