Ба наздики дар мавриди боздошти Далер Шарифов яке аз ифротгароён дар расонаҳои ифротии мухолифин ва душманони матлабҳое зиёде ба нашр расид, ки гӯё ин рӯзноманигори террористпарвар ва хоину пайрави ақоиди ихвониҳо террорист набошад. Аммо дар баёнияи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси дигаре оварда шудааст, аз ҷумла : шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипов Далерҷон Абдуманнонович, соли таваллудаш 1988, зода ва истиқоматкунандаи деҳаи Ниёгони ҷамоати деҳоти Бурунови шаҳри Ваҳдат, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, дар давоми солҳои 2013-2019 зиёда аз 200 матлабу мақолаҳои дорои мазмуну муҳтавои экстремистиро нашр намудааст, ки ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд.” Проматлаб ба нашр расид, ки хоси миллати тоыик нест, аслан ин масъала
Худи ҳамин матлба худ бозгӯ ба он аст, ки ин хоини миллат ва душмани озодиҳои демократӣ зери ниқоб фаъолият бурда, дар кишвар ақоиди бегонаро тарғиб мекардааст. Ҳамчунин дар идомаи баёния омадааст: “аз ҷумла, моҳи июни соли 2019 Шарипов Д.А. рисолаеро бо теъдоди 100 адад ба таври ғайриқонунӣ дар чопхонаи пинҳонӣ интишор сохтааст. Рисола тибқи хулосаи ташхиси диншиносӣ, дар ҳошияи консепсияи ҷараёни «Ихвон-ул-муслимин» («Бародарони мусулмон»), ки дар аксар кишварҳои ҷаҳон ташкилоти террористӣ эътироф гаштааст, таҳия гардида, ба моил сохтани ҷавонон ба мафкураи ҷиҳодӣ нигаронида шудааст, инчунин, онҳоро барои содир намудани амалҳои экстремистию террористӣ даъват менамояд.”
Худи ҳамин далелҳо басанда аст, ки як нафар тарғибгарӣ ғояҳои экстремистӣ –террористӣ ба ҳабс гирифта шавад ва ё ба ибораи дигар фаъолияташ бозомӯзӣ шавад. Дар пайи боздошти Далер Шарифов рӯзноманигори хоин ва террористпарвар матлабе ҳам ба нашр расид, ки ин тоифаи бадкеш ва душмани миллат асло ба гиромидошти арзишҳои миллӣ эътимод надошта, бештар мавқеи террористони наҳзатиро ҳимоя менамудааст.
Ҳамчунин аз нашри мақолаҳояш маълум мешавад, ки ин бегонапарст аз ислом ба манфиати худаш истифода намуда, мисли дигар наҳзатиёни палид бештар мавқеи ифротиро ҳимоя намудааст.
Ҳамон гуна, ки аз навиштаҳояш бармеояд ӯ бештар ба ақоиди созмони террористии “Ихвон-ул-муслимин” пайравӣ намуда, онро миёни ҷомеа паҳн намудааст, ки ин бар хилофи қонунгузории амалкунандаи кишвар мебошад.
Аз ҷониби дигар суоле пайдо мешавад, ки агар рисолаи таълифнамудаи Далер Шарифов воқеан ҳам илмӣ ва ахлоқист, чаро ба таври пинҳонӣ ва ғайриқонунӣ ба нашр расонида шудааст??
Худи ҳамин амал аллакай шубҳаро ба вуҷуд меорад, ки пас аз хондани рисолаи мазкур маълум мешавад, ки бештар муаллиф ба роҳбари созмони террористии “ Ихвон-ул муслимин” пайравӣ кардааст ва онро ҳамчун улгу барои хеш тарғиб кардааст, ки дар бисёре кишварҳо ин созмон ташкилоти террористӣ дониста мешавад.
Пас чаро душманони миллат аз боздошти ӯ ҳангома месозанд, дар ҳоле, ки гуноҳи ӯ исбот шудааст???!!!
Меҳвар Абдусаломов
омӯзгори ДКМТ