Имрӯз хатмкунандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10-и ноҳияр Мастчоҳ зери роҳбарии муовини директор Солеҳзода Зоҳир ба Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон ташриф оварда, аз озмоишгоҳҳо, бинои таълимӣ ва парки технологӣ боздид намуданд. Зимни сайри хеш хатмкунандагон ҳамчунин аз кафедраҳо, озмоишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, китобхонаҳо ва шароити хобгоҳҳои донишкада ба таври комил дидан намуданд.
Ҳамзамон, хатмкунандагонро муовини аввали ректори донишкада профессор Насриддинов Замониддин ба ҳузур пазируфта оид ба интихоби дурусти касб, махсусан дар самти ихтисосҳои муҳандисӣ, саноати кӯҳкорӣ ва металлургӣ, ки бинобар саноатикунонии босуръати кишвар имрӯзҳо талабот ба он мутахассисон ҳамасола афзун мегардад машварат дод. Мавсуф қайд намуд, ки айни ҳол аз ҷониби корхонаҳои саноатии ватанӣ барои зиёда аз 2000 нафар ва аз корхонаҳои саноатии Федератсияи Русия барои зиёда аз 200 нафар хатмкунандагони донишкада дархост барои қабул ба кор ворид гардидааст.
Дар интиҳо муовини аввали ректор профессор Насриддинов Замониддин миннатдории роҳбарияти Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистонро ба роҳбарияти МТМУ №10 -и ноҳияи Мастчоҳ, махсусан ба директори мактаб Саидумрон Мукаррамзода, ки ба хотири ояндаи дурахшони шогирдони худ чунин иқдоми беназирро роҳандозӣ намудааст, расонида, барои ҳамкориҳои минбаъда омодагии худро иброз намуд.