Боздиди ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳи нафту газ

Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз озмоишгоҳи нафту гази кафедраи геология ва нафту газ боздид ба амал оварданд. Озмоишгоҳро ба ректори донишкада мудири кафедраи геология ва корҳои нафту газ олими ҷавон Мирбобоев Шӯҳратҷон муаррифӣ намуд. Профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз наздик бо таҷҳизоти озмоишгоҳӣ, ҷараёни озмоиш ва имконияти озмоишгоҳи нафту газ пурра шинос шуда, ҷиҳати боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани кори озмоишгоҳ ба масъулин дастуру супориш дод. 

Ёдовар мешавем, ки дар давраи роҳбарии профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ  озмоишгоҳҳои  Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон таҷдиду навсозӣ карда шуданд, ки дар ин самт саҳми ҳайати профессорию омӯзгории донишкада низ ҳаст.

Қайд кардан зарур аст, ки озмоишгоҳҳои донишкада аз беҳтарин озмоишгоҳҳои соҳавӣ ба ҳисоб мераванд ва пажӯҳишгарон метавонанд барои гирифтани хулосаи расмӣ муроҷиат намоянд.