Тавре қаблан иттилоъ дода будем, дар доираи “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” донишкада, як қатор нақша чорабиниҳо ва барномаҳоро амалӣ намудаистодааст, ки дар яке аз қисматҳои он пеш аз ҳама тармиму таҷдид ва таъмини озмоишгоҳҳои донишкада бо таҷҳизотҳои нав мебошад. Дар доираи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аллакай як қатор корҳо дар ду озмоишгоҳи донишкада ба анҷом расонида шудаанд. Ҳамчунин, дар давоми як ҳафтаи охир ба донишкада як қатор таҷҳизоти технологияҳои иттилоотӣ ва озмоишгоҳӣ ворид карда шуданд, ки аз ин иқдоми Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон раёсати донишкада ва тамоми ҳайати омӯзгорон хурсанд буда, миннатдории самимии хешро мерасонанд.
Ҳамаи ин таҷҳизотро имрӯз муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ профессор Умарҷонов Абдусафо ба ректори донишкада муҳтарам Бахтиёр Маҳмадалӣ нишон дода, ҳолати кориашро низ санҷиданд. Ҷараёни кор ва тарзи корбурди таҷҳизоти навро дар озмоишгоҳи химияи кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ мудири ҳамин кафедра дотсент Ҳоҷиев Саидмуқбил ба ректор профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ва муовини ректор профессор Умарҷонов Абдусафо нишон дод.
Ректори донишкада нахуст аз ин тасмими Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори хушнудӣ намуда, ба роҳбарияти вазорат сипомандӣ намуд. Сипас ба мудири кафедра Ҳоҷиев Саидмуқбил, ки бениҳоят олими ҷавону заҳматкаш ва ободкор асту барои таҷдиду барқарорсозии озмоишгоҳи химия талош намудааст, раҳмат гуфта, боз як мизу курсии нав ба кафедраи мазкур туҳфа намуданд.
Ҳамчунин, дар интиҳо ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ ба масъулин дастур дод, то дар самти беҳтарсозии дигар озмоишгоҳҳо низ корҳо тезтар ба анҷом расонида шавад.
Шуъбаи иттилоот