Имрӯз ректори донишкада профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ аз хобгоҳи рақами 1 дидан намуда, бо донишҷӯён мулоқот намуд. Ректори донишкада зимни боздид ба масъулин ҷиҳати беҳтар намудани шароит ва имкониятҳо ва ҳамзамон саривақт расидагӣ намудан ба мушкилоту дархости бошандагон дастур дод.
Ёдовар мешавем, ки Бахтиёр Маҳмадалӣ яке аз мардумитарин ректорон маҳсуб меёбад, ки пайваста аз ҳоли донишҷӯён хабар мегирад ва ҳамарӯза аз хобгоҳи донишҷӯён боздид ба амал меоварад. Мавсуф ҳар лаҳза бо донишҷӯён мулоқот менамояд ва доим кӯшиш мекунад, то ҳама шароитро барои донишомӯзон фароҳам оварад. Дар навбати худ донишҷӯён низ бо чунин ректори ғамхор ифтихорманд ҳастанд.