Ҳайати омӯзгорони донишкада зери роҳбарии профессор Умарҷонов Абдусафо имрӯз ба шаҳри Мински Ҷумҳурии Белоруссия расиданд.
Дар рӯзи аввали сафар ҳайати омӯзгорон бо роҳбарияти Донишгоҳи миллии техникии Белоруссия вохӯрданд ва сипас аз Парки технологӣ, осорхонаи донишгоҳ ва дигар бахшҳои он дидан намуданд.
Ҳайати омӯзгорон аз дастовардҳои Парки технологии донишгоҳи мазкур дидан намуда, сипас бо донишҷӯён мулоқот намуданд.
Ҳамзамон, ҳайати омӯзгорон аз Маркази тоҷикони ДМТБ дидан намуда, бо масъулони он мулоқот намуданд.
Ёдовар мешавем, ки роҳбари Иттифоқи касабаи донишкада Давлатов Давлатмаҳмад низ ҳайатро ҳамроҳӣ менамояд.
Дар бораи идомаи сафари мазкур, то дастрас шудани иттилоъ хоҳем навишт, он чӣ ҳоло манзур мегардад аз ҷониби муовини ректор оид ба илм, инноватсия ва робитаҳои байналмилалӣ Умарҷонов Абдусафо ба шуъбаи иттилоот ирсол гардидааст.
Шуъбаи иттилоот