Тавре қаблан иттилоъ дода будем дар донишкада ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳори Роҳбарияти олии кишвар ва нақшшаву чорабиниҳои Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳо ба анҷом расонида шуд. Тибқи мактуби роҳбарияти Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Бобоҷон Ғафуров ба унвони Раиси шаҳри Бӯстон муҳтарам Ғаффорзода Н. аз санаи 24.05.2024с. бо ташаббуси кафедраи фанҳои гуманитарӣ-иҷтимоӣ як гурӯҳи донишҷӯёни бахши якум зери роҳбарии омӯзгорони кафедраи мазкур Холова Ф., Салимова Ф. аз Осорхонаи ҷумҳуриявии академик Б. Ғафуров дидан намуда, бо экспонатҳо ва маводҳои таърихии он шинос гардиданд.
Қайд кардан зарур аст, ки ин боздиди донишҷӯён дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, ифтихори миллӣ, хештаншиносӣ, арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик мусоидат менамояд. Зеро донишҷӯён баъди боздиди Осорхона, дар худ як ҷаҳон маънавиёт бардошта, донишу ҷаҳонбинии худро нисбат ба таъриху фарҳанги халқи тоҷик, фаъолияти доманадори академик Бобоҷон Ғафуров васеъ намуданд.