Боздиди донишҷӯён аз Маркази амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд

Омӯзиши забонҳои хориҷӣ талаботи замон ва асоси пешрафту рушди идроки насли ҷавон маҳсуб меёбад. Бо омӯзиш ва донистани забон инсон метавонад, дарвозаи комгориву муваффақиятҳое ба рӯяш  боз намояд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар паёму баромадҳои хеш аз омӯзиши забонҳои хориҷӣ алалхусус забонҳои русӣ ва англисӣ байни ҷавонон тазаккур ва ёдоварӣ мекунанду таъкид менамоянд, ки ҳар як сокини кишвар ба ҷуз аз забони модарӣ  бояд ҳадди ақал ду ё се забони хориҷиро омӯзад.

 Дар пайи дар амал татбиқ намудани ин гуфтаҳо ва дар пайрави аз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таърихи якуми ноябр як гурӯҳ донишҷӯёни Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо роҳбарии омӯзгорон Бобоҷонова М.М. ва Набиева Д. Қ. баҳри сайқал додани маҳорати муоширатии забони англисӣ ва боздид аз ин гӯшаи илму маърифат ба Маркази Амрикоӣ дар шаҳри Хуҷанд(American Space Khujand) ташриф оварданд. Донишҷӯён дар рафти дарсҳо иштирок варзиданду дар бозиҳои интерактивӣ фаъол буданд.  Аз гӯшаи китобҳо низ дидан намуданду чанде бо мутолиаи адабиёт шуғл варзиданд. Муҳити илму маърифати ин марказ онҳоро низ рӯҳбаланд намуду водор кард, ки беш аз пеш ба омӯзиши забони англисӣ  рӯй оранд. Худи донишҷӯён низ аз ташрифи хеш қаноатманд ва бардошти хубе гирифтанд. Дар оянда низ ин иқдом идома хоҳад ёфт ва кафедраи забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ мекӯшад бо методу васоили гуногун  байни донишҷӯён омӯзиши забонҳои хориҷиро дучанд рушд диҳад.

 

 

                                                          Бобоҷонова М.М.

                                                          Набиева Д.Қ .

ассистентони кафедраи забони давлатӣ ва  забонҳои хориҷӣ