«Бозгашт аз ҷаҳаннам» – дарси ибрат

Руйдоди солҳои охир дар ҳаёти сиёсӣ мо ҷавононро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надиҳем. Хоса, тамошои филми мустанади “Бозгашт аз ҷаҳаннам” ва пушаймонии муйсафед Айёмиддин Сатторов басо таъсирбахш буд ва чашми моро равшан намуд. 

Айён шуд, ки гурӯҳҳои муайяне ҳастанд, ки мехоҳанд тавассути фазои динӣ дар муҳити иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар мавқеъ пайдо намоянд. Ин рақобат аз доираи он хоҳишҳои эҳё намудани дину оини гузаштаи худ берун рафта, ба худ шакли дағалтар ва ҷудоиандозиро мегирад, ки солҳои 90-уми асри гузашта пайдо шуда буд.

Яке аз онҳо ҳизби наҳзат мебошад, ки ҳадафи онҳо пеш аз ҳама дар эҷоди нифоқу бадбинии байни мусалмонон, барҳам задани ягонагии онҳо мебошад. Имрӯзҳо саркардагони ин ҳизби саркаш хориҷ аз кишвар дунболи хизмати хоҷагони хориҷии худ қарор дошта, бо ҳизбу ҳаракатҳои амсоли «Ихвон-ул-муслимин», «Ат-Тақфир в-ал-ҳиҷра», «Ал-Ҷиҳод», «Муназзимат-ут-таҳрир ал-исломия». «Ҳизб-ут-таҳрир ал-исломия», «Ал-қоида», «ас-Салафия ал-ҷиҳодия»  ҳамкории зич доранд.  

Агар ҷавонони мо ба ин арзишҳои миллӣ аз назари фаҳмиши наҳзатиён муносибат кунанд, пояҳои ҳуввият, худшиносӣ ва ифтихори миллии мо хароб мегардад. Бинобар ин, вуруди ақидаҳои наҳзатӣ ба ҷомеаи тоҷик дар ибтидо таҳдиди мазҳабӣ-фарҳангиро ба миён оварда, минбаъд аз паи он метавонад таҳдиди сиёсиро низ ба бор орад.

Беҳуда нест, ки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кишвар пайдо шудани равияҳои дин

ии ғайрисуннатӣ, ҳизби сиёсии хусусияти динидошта ва ба онҳо шомилгардии ҷавононро яке аз мушкилиҳо дар ҳаёти ҷамъиятӣ-сиёсии Тоҷикистон ҳисобида, пешгирии онро яке аз вазифаҳои муҳими мақомоти дахлдори давлатӣ, аҳли зиё ва ашхоси баору номуси миллат ва ниҳоят вазифаи ҳар шаҳрванд медонад.

Ҷилавгирӣ кардан аз ифроту тафрит яке аз омилҳои муҳими ҳифзи ваҳдати миллӣ, суботи ҷомеа ва рушди давлати миллӣ мебошад.

Мо дар ин самт ҳамеша  фарҳанги сиёсиро такмил медиҳем.

 

М. Бобоев,
 мутахасиси шӯъбаи ҷавонони донишкада

Шарҳ гузоред

Суроғаи мактуби электронии Шумо паҳн нахоҳад шуд. Марзҳои ҳатмӣ бо аломати * ишора карда шудаанд

17 − 10 =