Аё , эй аҳли дил, эй аҳли кишвар,
Аё , эй мардуми озодаминбар.
Сурудам ҳарфи шукру бениёзист,
Дурудам шеваест аз Ориёнфар!
Меҳмон Бахтӣ
Маъмулан барои ҳар як давлат фароҳамоварии шароит, роҳбарӣ ва идоракунии минбаъдаи рушд ва заминаҳои рушди бардавоми кишвар дар мадди аввал меистад. Имрузҳо Ҳукумат ва ҷомеъаи Тоҷикистон дар остонаи роҳандозии бисёр лоиҳаҳо ва барномаҳои рушди соҳаи иқтисод, бахши иҷтимой, лоиҳаҳои калони инфрасохторӣ ва дигар тадбирҳои муҳим қарор дорад. Дар замоне, ки танҳо ҳодисаи алоҳидаи, балки равиши таърих ҳамчун обьекти таъсир қарор гирифтааст, барқароркунии муносибатҳои миёни кишварҳо, бахусус давлатҳои ҳамсоя, падидаи аввалиндараҷа матлуб буда, метавонад ба дараҷаи стратегӣ, дурнамои таърихро соҳиб шавад.
Аё , эй тоҷики ҳушёру бедор,
Биёяд шуҳрати пешин ба такрор.
Туро руҳи бузургонат мададгор,
Ватандор, эй ватандор, эй ватандор.
Меҳмон Бахтӣ
Мо шоҳиди он ҳастем, ки гузашти вақт талошҳо ва самтгириҳои созандаи Эмомалӣ Раҳмонро ҳамчун намунаи пайкор ҳақ баровард. Самараи ибратомузу бунёдбахши хизматҳои дохилӣ ва сатҳи ҷаҳонии он касс буд, ки аз забони шахсиятҳои маъруфи олам хизматҳояшон чунин эътироф шудаанд: «Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори сатҳи ҷаҳонист, ки хизматҳояшон дар тамоми олам этироф гардидаанд». Аз ин рӯ, омузиши таъсири хусусиятҳои шахсияти Пешвои муаззами миллат ҳамчун ходими сиёсӣ дар ҷодаи роҳбарӣ, муаррифии Тоҷикистон, таҷрибаи сулҳофарии бесобиқа, тарғиб ва ҷонибдорӣ аз сулҳу суббот дар тамоми олам, пешоҳанг будан дар пешниҳодҳои аҳамияти умумибашаридошта ва дастгирии баланди ниҳодӣ ёфтани онҳо , талошу бартараф кардани таҳддҳои глобалӣ, ташаббусҳо ва инсондустӣ асоснок ва муҳим буда, хислати тарбиявӣ дорад.
Эй кишвари ман,
Эй сарвари ман.
Эй даври ман, даврони манн,
Эй бахти бепоёни ман!
Меҳмон Бахтӣ
Ассистенти кафедраи металлургия, Фаридаи Амонулло