Руи кор омадани маводи ҳангоматалаб дар саҳифаҳои сомонаҳои “Ахбор.ком” ва “Кимиёи саодат” ки ба қалами хомабадастонии моҷароҷуй Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Мирзои Салимпур бозори нафарони овозапарастро метафсонад.
Ҳамин аст, ки дар зери рубрикаи “Нома ба президент” маводе ба номи “мубориза бо терроризм мегӯему террори мардум чаро? тахриби 6 хона дар пистамазор” оид ба “Мақомоти ноҳияи Вахш рӯзи 8 июн 6 манзили сохтаи мардум дар деҳаи Пистамазори ҷамоати Машъалро вайрон карданд. Сокинон бо ирсоли 9 акс ба сомонаи “Ахбор” навиштаанд, ки “имрӯз ҳама аз мубориза бо терроризм мегӯем, вале чаро мардумро террор мекунем?” Мақомот надоштани ҳуҷҷати истифодаи заминро сабаби тахриби ин 6 манзил мегӯянд. Вале сокинон мегӯянд, барои мардуми фақир сохтани як хонаи ҳатто фақирона хеле сахту миёншикан аст ва чаро мақомот ба ҷои он ки ба онҳо роҳи дурусти ҳуҷҷатгузории манзилҳояшонро нишон бидиҳанд, гирифтанду хонаҳои алакай сохташударо вайрон карданд? Магар чанд порча замин дар як гӯшаи бе ин ҳам нообод дар деҳаи Пистамазор давлатро сарватманд мекунад? Ва ин ки 6 оилаи фақир аз сарпаноҳ маҳрум шуд, ба фоида кист? – мепурсанд сокинони ҷабрдида.
Сокинони деҳаи Пистамазори ҷамоати Машъали ноҳияи Вахш мегӯянд, рӯзи 8 июн як гурӯҳи ҳукуматӣ бо сабаби надоштани иҷозати кумитаи замин барои сохтани хона, хонаҳои мардуми деҳаро вайрон кардаанд. Ба гуфтаи шоҳидон, ин гуруҳи ҳукуматӣ даҳҳо зану кӯдакро бо дашномҳои қабеҳ аз хонаҳо ронда, “вазифаашон”-ро иҷро намуданд. Ҷараёни ҳодиса ба саломатии чандин нафар аз пирони деҳа таъсири манфӣ расонида, чанд оила бесарпаноҳ мондааст.”
Хуб, ин ҷо бояд аз нигоҳи меъёрҳои ҳуқуқӣ авзоро баҳогузорӣ намуд, ки чи тадбире бояд барои танзими ҳолати иҷтимоӣ. Аммо нархи бехию пиёзро напурсида якбора шӯру мағал бардоштан бешак мояи шармандагист.
Ва ё дар маводи “Ҷасадҳои гумшуда аз маҳбаси ваҳдат” овардаанд, ки “Нашрияи сEurasianet.org дар як матлаби муфассал дар бора маҳбусоне қисса кардааст, ки дар ошӯби шаби 19 май дар маҳбаси рақами дуи шаҳри Ваҳдат кушта шуданд: “Баъди баҳсҳои зиёд ва илтиҷоҳои таҳқиромез як гуруҳи хешовандони маҳбусони кушташударо ба як қабристони Душанбе бурданд. Дар онҷо аз мошини боркаш 7 ҷасади кафанпечро фароварданд. Сокина мегӯяд, кормандони мақомоти амниятӣ ба модарон имкон надоданд, ки рӯи фарзандонашро бубинанд, ки ин боиси мавҷи нави норозигиҳо шуд. Ҳангоми суҳбат бо сEurasianet.org дар дастони Сокина ҳанӯз осори харошидаҳо дида мешуд. Ин захмҳое буд, ки ин зан ҳангоми часпу талош бо кормандони амният барои расидан ба пеши ҷасади фарзандаш бардоштааст. “Ман фарзандамро аз даст додам. 6 оилаи дигар ҳар кадом шавҳар, падар ё писарони худро аз даст дода буданд. Вале онҳо намехостанд, ки мо фарзандони худро бубинем. Куштан осон аст, вале ба воя расондани фарзанд хеле сахт аст”, – мегӯяд Сокина…”
Хуб ин маводҳо барои ангезидани хотираи хонанда ва ба таҳрики андешаҳои номатлуби ҷомеа оварда мерасонад. Аз чунин “носеҳон” бояд дурӣ ҷуст, тавре Ҳофиз мефармояд:
Бирав, носеҳ ки дидори ту худ моро азоб аст….
Қурбон Азизов,
роҳбари гуруҳи таҳлилӣ-иттилотии ДКМТ