Ин миллати қарин, ин кишвари бузург,
Ин сулҳи пойдор, хуршеди нурбор.
Ин ҷилваи замон, таърихро нишон,
Доимбаҳору дар талаби хеш комгор.
Поянда боду, ҳар нафасаш бо субот бод.
Иқболу обрӯву сафояш зиёд бод.
Имрӯзҳо мо худ шоҳиди онем, ки дар бештари кишварҳо бесарусомонӣ ва ҷанги беохир ҳукмфармост. Чи қадар сокинони ин мамлакатҳо аз сидқи дил мехоҳанд, ки ҳамроҳи ҷигарбандони худ бо хотири ҷамъ дар сари хони пур аз нозу неъмат нишаста бошанд. Озодона бе ҳеҷ як тарсу ваҳм дар кӯчаҳо гаштугузор намоянд, аммо афсус. Онҳо он марде бузургворе, ки мисли Пешвои мо ҷони худро дар хатар монда, барои овардани сулҳу субот тамоми кӯшиши худро харҷ намудааст, надоранд.
Сулҳ яке аз беҳтарин неъмате, ки парвардигор ба бандагонаш ато намудааст ва мо бояд шукргузор бошем, ки мо аз ин неъмат баҳравар ҳастем.
Агар аз нигоҳи таърих нигарем, миллати тоҷик худ як миллати сулҳхоҳ ва фарҳангиву дурандеш мебошад. Имрӯзҳо бархе аз одамоне, ки ин сулҳу амониро чашми дидан надоранд, байни халқ ҳаргуна гапҳоро овоза мекунанд, мехоҳанд одамонро аз ҳукумат норозӣ кунонанд.
Хушбахтона, халқи тоҷик ақли солим дорад ва кӯшиш мекунад, ки сулҳу ваҳдатро барои наслҳои оянда боқӣ гузорад. Мо хуб дарк мекунем, ки ваҳдату ягонагӣ пойдевори ҳастии миллат аст.
Чи хеле ки Пешвои миллат Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмон таъкид карда буданд, ки «даҳсолаҳо лозим мешавад, то захму ҷароҳатҳои ин фалокат муолиҷа шаванд ва мо ба он мекӯшем, ки дар ҳар хонавода сулҳ ва оромӣ ҳукмфармо бошад».
Амнияту осоиштагӣ ин ду муқаддасоте, ки мардуми тоҷик набояд аз даст диҳад.
Ин буд, ки халқи тоҷик дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо як руҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ширкат варзида, якдилона боз Пешвои оқилу сулҳпарвари хешро интихоб намуданд.
Мутаассифона, имрӯзҳо экстремизм ва терроризмро бо дини мубини Ислом омехта мекунанд, ки ин тамоман саҳл аст.
Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон баён карданд: «Ман ин масъаларо дар чорабиниҳои сатҳи олӣ, аз ҷумла аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид борҳо иброз дошта будам ва имрӯз бори дигар изҳор менамоям, ки номи поки исломро ба зуҳуроти даҳшатноку нафратовари терроризм олуда кардан иштибоҳи маҳз аст».
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин изҳор доштанд: «Миллате, ки тафаккури миллӣ, таъриху адабиёт, забон, расму ойин ва арзишҳои фарҳангиашро аз даст медиҳад, истиқлолияти худро пуштибонӣ карда наметавонад. Миллате, ки хотираи таърихиашро пос намедорад, хоҳ нохоҳ тафаккураш ғуломона гашта, истиқлолияти миллиашро аз даст медиҳад. Ҳифз накардани таърихи миллат ба инкори гузашта бурда мерасонад».
Терроризм ва экстремизм душмани башарият ва таъриху миллат дар ҳама давру замон аст ва амалҳову ниятҳои нопоки харобкунандааш барои рушду пешрафти давлату ҳукумат монеа эҷод карда, ба оромии ҷомеа халал ворид месозад.
Моро месазад, ки дар ҳифзи асолати поки гузашта, нигоҳдории якпорчагии ватан, ягонагии ҷуғрофӣ ва сиёсии кишвар, дифои сулҳу оромӣ, истиқлолу ваҳдати миллӣ масъулиятшинос буда, ваҳдати миллиро пос дошта, ба қадри ин неъмати бебаҳо ва муқаддас бирасем ва ҷавонони ватандӯсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.
Валиева М.Н.
мудири шуъбаи аспирантура
ва магистратура