Ҷиҳати расидан ба ҳадафи чоруми миллӣ-саноатикунонии кишвар тамоми сохторҳои марбута, талош менамоянд, то саҳми хешро дар ин давра гузоранд. Аз ҷумла Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон низ дар назди Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз зумраи ниҳодҳоест, ки барои омода намудани мутахассисони соҳаи саноат ва пешбурди соҳаҳои мухталифи истеҳсолот фаъолияти хешро ба роҳ монда, барои ноил шудан ба натиҷаҳои дилхоҳ аз ҳама имкониятҳо истифода менамояд.
Дар партави сиёсатҳои хирадмандонаву дурбинонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон низ дар ҳамкорӣ бо Муассисаи давлатии ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон ва барномаи Рушди СММ моҳи ноябри соли 2019 озмуни лоиҳаҳои техникию инноватсионии ба саноат нигаронидашуда, байни донишҷӯён ва олимони ҷавон баргузор гардонида шуд.
Тавре қаблан иттилоъ дода будем бо ташаббуси донишкада ва ҳамин ду ниҳоди фавқуззикр дар донишкада тренинги омӯзишӣ гузаронида шуда буд, ки ҳадаф аз он омӯзонидани тарзи навишт ва муаррифии лоиҳаҳо дар сатҳи байналмилалӣ буд.
Бо мақсади дарёфти лоиҳаҳои беҳтарин миёни донишҷӯён ва олимони ҷавон аз тарафи шуъбаи илм ва инноватсияи донишкада мӯҳлат дода шуда, даври ҷамъбастии он бошад, санаи шашуми декабр муайян шуда буд.
Ногуфта намонад, ки ба озмуни мазкур аз тарафи донишҷӯён ва омӯзгорони ҷавон 17 лоиҳаи инноватсионӣ пешниҳод гардонида шуда буд, ки дар даври ҷамъбастии озмун аз тарафи ҳакамон, ки аз 4 нафар иборат буданд, баррасӣ ва баҳогузорӣ шуд.
Дар рафти ҷамъбасти озмун се лоиҳаи беҳтарин интихоб карда шуд, ки муаллифон ва пешниҳодкунандагони лоиҳаҳо бо диплом ва се телефони мобилӣ сарфароз гардонида шуданд. Ҳамчунин дар ин замина ба иштирокчиёни дигари озмуни мазкур сертификат аз номи ташкилотҳои ҳамкор ва сарпараст тақдим карда шуд.
Дар рафти ҷоизасупорӣ ба ғолибони озмун ректори донишкада муҳтарам Фозилзода М.М ширкат намуда, ба донишҷӯён ва олимони ҷавон ҷиҳати ҷасорат ва кӯшишҳояшон изҳори сипос намуда, дар ин замина ба ташкилотҳои ҳамкор низ ҷиҳати ҳамкории мутақобилан судманд бо ДКМТ миннатдорӣ намуданд.
Маълумот дар бораи ғолибон
Ҷои аввал. Лоиҳаи “Лабораторияи мобилии комплексии метерология, климаталогия ва мониторинги экологии обектҳои муҳити зист”, ки аз тарафи донишҷӯи бахши 4-уми ихтисоси 330101 – Ҳифзи муҳандаисии муҳити зисти Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон, Шарифиён Ш., пешниҳод гардид.
Ҷои дуюм. Лоиҳаи “Производство сварочних электродов”, ки аз тарафи донишҷӯёни бахши 2-юми ихтисосҳои 330101 – Ҳифзи муҳандаисии муҳити зисти Хоҷаева С., ва Раҳмонова Ф., 510101 – Геология ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданоки Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон пешниҳод гардид.
Ҷои сеюм. Лоиҳаи “Қалами барқӣ”, ки аз тарафи донишҷӯи бахши 3-юми ихтисоси 430101 – Таъмини корхонаҳои саноатӣ бо барқи Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон Насриддинов У. пешниҳод гардид.
Шуъбаи иттилооти ДКМТ