БЕШАРАФӢ СИФАТИ ПАСТИ БЕШАРАФ М.САДРИДДИНРО ИФШО НАМУД

    Барои мо, тоҷикистониён, Истиқлолияти давлатӣ бо дунявият ва низоми давлатдории дунявӣ тавъам аст. Бояд дар назар дошт, ки эътиқоду эътимод ба низоми демократӣ (мардумсолорӣ) ва дунявӣ эътимод ба инсон, новобаста ба ба тааллуқоти нажодӣ, қавмӣ-этникӣ, миллӣ, динӣ, мазҳабӣ мебошад. Соҳибистиқлолӣ барои миллати тоҷик озмоишҳои вазнину сангинеро пеш овард. Хушбахтона, миллати ватанпарварӣ тоҷик фидокорона, ҷонсупорона ва қаҳрамонона аз истиқлолияти худу давлати хеш дифоъ карда тавонист. Тоҷикон бо сарварии роҳбари дурандеши худ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти зиёди баъди ҷангиро бартараф карда, сулҳу субботро дар мамлакат барқарор сохтанд. Миллати тоҷик сохти давлати демократӣ, дунявӣ ҳуқуқбунёдро интихоб намуд. Мақсади асосии интихоби низоми демократӣ, пеш аз ҳама, таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандон, фароҳам овардани шароит барои меҳнат ва зиндагии осуда, волоияти қонун, пойдории адолат ва иштироки фаъоли мардум дар идоракунии давлат мебошад. Ман ба он эътимод дорам, ки танҳо сохти имрӯзаи давлати дунявии мо барои амалӣ шудани ормонҳои таърихӣ ва имрӯзаи тоҷикон аз ҳар як ҷиҳат созгор аст.

          Ҳангоми тамошо ва шиносоии филми ҳуҷҷатии «Бешараф» биёр амалҳои нопоку ғаразноки Муҳаммадиқболи Садриддинро дида дар хиҷолат мондам. Миллати тоҷикро ҷомеаи ҷаҳони ҳамчун як миллати фарҳанги ва таърихи мешиносанду эҳтиром менамоянд. Бадбахтона ба монанди Муҳаммадиқболи Садриддин шахсиятҳои ҳаромзодаю миллатфуруш обурўи миллати тоҷикро дар арсаи ҷаҳони паст менамоянд. Таърих гувоҳ аст, ки дар ягон дару замон миллати тоҷик ба ягон қавм ва миллати дигар лашкар ва бо ғарази бад нигоҳ накардаанд.

      Дар сиришти инсоният бояд ҳисси раҳмдили ва нексиришти ҷой дошта бошад, аммо баъд аз тамои ин филм ба хулосае омадам, ки Муҳаммадиқболи Садриддин дар вуҷуд ва сириште хеш ягон хислатҳои неки инсониро доро нест. Баръакс аз даврони ҷавони то ба имрўз дар паи озору шиканҷаи мардум қарор дорад.

   Хоинону ватанфурушон берун аз давлат истода мехоҳанд оромию осоиштагии моро халалдор намоянд. Дар шабакаҳои иҷтимои бо ҳар хел маълумотҳои бардурӯғ мехоҳанд фикру ақидаи моро ба худ ҷалб намоянд. Аммо хоинони ватанфурўш як чизро фаромӯш насозед, ки мо миллати тоҷик фирефтаи ҳаргуна ақидаҳои нопокӣ разиланаи хоинон намегардем. Ғаразҳо ва нақшаҳои нопокӣ онҳоро сахт маҳкум менамоем.

     Бо тамошо намудани филми ҳуҷҷатии «Бешарафӣ» бори дигар собит гардид, ки ноҷавонмардон дар давраҳои аввали соҳибистиқлолӣ ва то ба имрўз пешравӣ ва ободию ваҳдати миллиро дар кишвари азизамон намехоҳанд. Аз ин хотир ман ғаразҳо ва нақшаҳои нопоки хиёнаткоронро сахт маҳкум менамоям ва М. Садриддин лаънат мехонам!

Саидов Б.И.

мудири кафедраи металлургия