Агар инсон заррае ҳам номус ва шараф дошта бошад, ҳаргиз даст ба ҷиноят ва амалҳои нораво намезанад. Вале агар инсон дар муҳити хоиниву хиёнаткорӣ ва бешарафӣ тарбия ёфта бошад, аз ӯ ҳар номаъқулиеро интизор шудан мумкин аст, мегӯянд бузургон. Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” низ аз ҳаёти ҳамин гуна як бешараф ва хоину бетарбия аъзои ТТЭ ҲНИ Муҳаммадиқболи Садриддини бевиҷдон ҳикоят мекунад, ки бевосита аз сабаби беаҳмиятии падараш ба чунин рӯз расидааст.
Кӣ будани Муҳаммадиқболи Садриддини қаллоб ва хоин ошкор шуд ва дар филми мазкур аз гузаштаи пинҳонаш гуфта шуд, ки ин як таҳаввулот дар таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ мебошад. Аз ҷониби дигар дар ифшосозии фаъолияти душманон низ як қадами ҷиддӣ мебошад.
Камина ба созандагони филми мазкур, ки ин филми ҳуҷҷатӣ ҷавононро аз ҳиллаву макри наҳзатии бешараф М. Садриддин боз медорад, миннатдорӣ намуда, ташаккур мегӯям!
М.Саид, омӯзгори Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон