Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” воқеан ҳам барои ифшо намудани воқеиятҳои ҳаёти Муҳаммадиқболи Садриддин-аъзои беномуси ТТЭ ҲНИ, ки имрӯз худро ҳамчун як воиз ва диндору сиёсатдон муаррифӣ мекунад, як қадами устувор буд, ки чашми насли башарро бох намуд. Дар филм бисёр ҳам ба таври олӣ аз машваратҳои равоншиносону шоҳидони ҳол ба кор бурда шудааст, ки ин барои боз ҳам кушоду равшан гардидани воқеият мусоидат менамояд.
Дигар чизе, ки филмро боз ҳам мустанадтар гардонидааст, ин далелҳои муътамад мебошад, ки дигар М. Садриддини хоин наметавонад бо дурӯғ ва баҳонабофӣ онро инкор намояд. Филм бо санъати олӣ офарида шудааст ва дар бораи ҳар як душмани миллат бояд ҳамин хел филмҳои ҳуҷҷатӣ пешниҳод гардад ва аз ҳамон паҳлӯҳои норавшани ҳаёти хоинон ба мардум ба таври ифшокориҳо фаҳмонида шавад.
Дар умум филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” беҳтарин намунаи ҳуҷҷатнигорӣ дар филмофарии муосир буда, барои кушодани чашмҳои насли ҷавон мусоидат менамояд. Насли ҷавон бояд ба таври комил аз ин гуна ҳолатҳои хоинони миллат, ки худро дар сомонаҳову шабакаҳои иҷтимоӣ қаҳрамон метарошанд хуб огаҳӣ дошта бошад, то фиретфтаи онон наградад.
Филми ҳуҷҷатии мазкур як далели муътамад барои ошкор сохтани чеҳраи аслии Муҳаммадиқболи Садриддин ва дигар наҳзатиёни террорист мебошад, ки чунин иқдомҳо дар ин шабу рӯз бояд зиёдтар карда шаванд.
Меҳвар Абдусаломов, устоди Донишкадаи
кӯҳию металлургии Тоҷикистон