Филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” бори дигар исбот намуд, ки дар ҳақиқат ҳам агар инсон дар муҳити носолим ба воя расида бошад, носолим инкишоф меёбад ва мағзи носолим ҳаргиз ба арзишҳои инсонӣ ва арзишҳои ҷамъиятӣ қадр намегузорад.
Мард будан, худ як далели хеле возеҳ ва равшан мебошад, аммо агар инсон аз мард будани худ бишармад, ин аллакай носолимӣ ва мариз будани инсонро нишон медиҳад. Қаҳрамони филми ҳуҷҷатии “Бешарафӣ” М. Садриддин низ ҳамин хел як нафарест, ки шаъну шарафи мардиро зери по гузоштааст ва аз мард будани худ рӯй гардонидааст, ки аз ин дида, дигар бешарафие вуҷуд надорад.
Филми мазкур дар бораи нафаре қисса мекунад, ки имкониятҳои хешро аз даст додаасту ба маризӣ гирифтор шудааст ва ҳамин маризияш ӯро ҳатто бевиҷдону бешараф гардонидааст, ки худ бехабар мондааст. Албатта, имрӯз он чӣ М. Садриддин имрӯз мегӯяд шояд барояш қабул шуда бошад, лек барои ҷомеаи мо ин бешарафӣ ва ҳамҷинсгароӣ қобили қабул нест ва ҳаргиз набуд.
М. Садриддин худро ҳомии дину мазҳаб мешуморад, ки ин амалаш дубора ӯро манқурт ва равонӣ буданашро исбот менамояд, чунки дини ислом ҳам бар ҳамҷинсгароӣ муқобил мебошаду ин амал гуноҳи бузург ҳисобида мешавад. Пас М. Садриддин воқеан ҳам бешарафу бевиҷдон будааст, ки ҳатто бо ин амалаш номи мусалмононро бад кард.
Маълум мешавад, ки инсони бешараф ва номусфурӯхта асло парвои арзиши инсонӣ надорад ва мақсади зишту нопок дорад, ки мо инро бараъло дар мисоли М. Садриддини наҳзатӣ мушоҳида менамоем. Ин ҷо суоле ба миён меояд, ки ҳамаи наҳзатиён, яъне аъзоёни ТТЭ ҲНИ ҳамин хел мисли М. Садриддин луттию ҳамҷинсгароянду даъвои мусалмонӣ мекунанд?
Насриддинов Ш.
омӯзгори ДКМТ