Ҳамин чанд лаҳза қабл матлаби нашрнамудаи сомонаи “ахлот ком”-ро хондам, ки таҳти унвони “ТОҶИКИСТОН РАСМАН ДУ КОНИ ТИЛЛОЯШРО БА ШИРКАТИ ЧИН ДОД” чоп шудааст. Аслан ин гуна номгузорӣ ба хотири бадбиниву кинаварзӣ ба кишвар иншо мешаванд ва матлаби нашр намудаи ин малъуни олами журналистика ҳам ба хотири иғвобарагези паҳн карда шудааст.
Дар мақола аз ҷумла омадааст: “Парлумони Тоҷикистон рӯзи 28 ноябр созишномаи ҳанӯз соли 2012 имзошуда байни вазорати энергетика ва саноати ин кишвар бо ширкатҳои чинии «ТВЕА» ва «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» дар бораи бунёди Маркази барқу гармидиҳиро тасвиб кард. Бар асоси ин созишнома, Тоҷикистон дар ивази хароҷоти бунёди Маркази дуюми гармидиҳии Душанбе ду кони тиллои Кумарғи боло ва Дуоба дар ҳудуди ноҳияи Айниии вилояти Суғдро ба ширкати ТВЕА медиҳад. Захираҳои собитшудаи тилло дар ин ду кон 51,7 тонна ва захираҳои таҳқиқношудааш 117, 16 тонна баровард мешавад”.
Мирзои Салимпул ба хотири боз ҳам бедор намудани нафрати мардум нодида гирифтани сиёсатҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва равобити дӯстонаи Чину Тоҷикистон хостааст матлбашро андак ҳангомабарангезтар ба табъ расонад.
Ин курдилу нотавонбин ва қаламбадасти мазлум, ҳатто андеша ҳам накардааст, ки имрӯз Тоҷикистон бо зиёда аз 160 давлати ҷаҳон робитаи дипломатӣ дорад ва бо зиёда аз 100 он ҳамкориҳои тиҷоратияшро ба роҳ мондааст, ки вазъи иҷтимоиву сифати зиндагии мардумро беҳтар гардонад.
Аммо ин нотавонбин ва кӯрдили бемағз бо кадом мақсади нопокаш бошад, номи матлабашро ҳам ғайри меъёрҳои журналистика нашр кардааст. Дар ҳоле, ки ин ҷо сухан дар бораи созишномаи байни ду давлат меравад ва ҷонибҳо бурду бохти созишномаро омӯхтаанд ва аз рӯйи он амал менамоянд.
Ҳамкорӣ ҳам ба он хотир бо ин ширкатҳо ба роҳ монда шудааст, ки дар доираи ин созишнома ширкатҳои чинӣ дар кишвар корхонаҳо бунёд намуда, шаҳрвандонро бо ҷойи корӣ таъмин менамоянд ва албатта таъмин гардидани шаҳрвандон бо ҷойи корӣ бар нафъи миллати тоҷик мебошад. Зеро ҳам сармоя ба кишвар ворид мешавад ва ҳам ҷойҳои нави корӣ ба вуҷуд меояд, ки аз чанд ҷиҳат барои миллат муҳим мебошад.
Аммо ин қаламбадасти беҳунар Мирзо салимпули камхирад ва модинандеша нафъи миллатро ба инобат нагирифта, шароит ва вазъиятро наомӯхта дар хонаи гарму нарм нишаста матлбаҳои иғвобарангез нашр мекунад ва ба ҳамин восита мехоҳад обрӯву мақоми кишварро паст намояд, ки хилофи амалҳои инсони солим мебошад.
Бо нашри ин матлаб Мирзо Салимпул боз чӣ мехоҳад?
Ин кӯрдилу курмағзу курхирад бо чунин унвон кардани номи гузоришаш чӣ мақсад дорад?
Ё наҳзатиёни палид ин бор ӯро маҷбур кардаанд, ки аз сомонаи онҳо матлаб тнашр кунад?
Албатта, хиёнати наҳзатиёни лаин зиёд аст, аммо хиёнати ин Мирзои Салимпул боз дучанд шудаистодааст, ки маншаъ аз ҳамкориҳояш бо ТЭТ ҲНИ мегирад.
Тавре ҳамагон медонем Мирзои Салимпул аъзои фаъоли ТЭТ ҲНИ буда, ба хотири кӯмак намудан ва паҳн намудани адабиётҳои ҷудоиндозӣ ва кинаварзӣ, нашр ва таблиғи идеяҳои созмони террористии “Давлати Исломӣ” ва ифротгароӣ ба сафи ин ҳизби террористӣ пазируфта шудааст, то тариқи расонаҳо ғояҳои ифротгароёнаву тундравро тарғиб кунад.
Ҳуҷҷатов А.
Омӯзгори кафедраи фанҳои табиӣ-илмӣ