БЕЛОРУСҲО ТЕША БАР РЕШАИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ХЕШ МЕЗАНАНД.

Шояд кам касон ба андеша раванд, ки чаро имрӯз дар кишвари Белорус чунин низоъҳо сар задааст? Воқеан вақте ба ҳаёти осоишта ва иқтисодиётӣи пешрафтаи Белорус менигарем, боз ҳам дар ҳайрат меоем, ки чаро мардум ба кӯчаҳо рехтаанд?

Албатта, ба ҳар як майдоннишиниву эътирозҳои оммавӣ вақт довар аст ва соати таърих ҳанӯз мегардад ва ин маънои онро дорад, ки аз эътирозҳо ба ҷуз зиён ва зарари бузурги иқтисодӣ дигар чизе ба мерос намемонад. Мардуми Украина аз либиҳо даст гирифта, даст ба эътирозҳо заданд ва дар натиҷа ҳам имкониятҳои иқтисодии хешро аз бан бурданд ва ҳам як кишвари ободу оромро ба минтақаи низоъҳо ва баҳсҳои печидаи сиёсӣ табдил доданд, ки аз ин вазъияти аҳолӣ бадтар шуду беҳтар не. Аммо пеш аз ҳама ба ин ҳама эътирозҳо кӣ манфиатдор?

Аз рӯи сенарияи якмаром ва якранг маълум аст, ки дасти берунӣ дар ин эътирозҳо ва гумроҳмозии ҷомеа вуҷуд дорад ва ҳамин аст, ки ҳоло  мардуми Белорус бехабар аз ҳақиқати ҳол даст ба чунин эътирозҳо задаанду беҳуда ба хиёбонҳо баромадаанд. Чунки онҳо намедонанд, ки бо ин кори худ бозичаи дасти хориҷиён гардидаанду бо тақдири худ бозӣ мекунанд ва инро мешавад ба ибораи дигар чунин арзёбӣ кард, ки белорусҳо бо дасти худ озодиву муваффақияту истиқлолияти хешро месӯзонанд.  Зеро он чӣ имрӯз белорусҳо анҷом медиҳанд, хатои бузург мебошад ва ҳатман аз ин кори худ пушаймон хоҳанд шуд.

Белорусҳо бо фармони бегонагон ба майдонҳо баромадаанд, ки албатта барои баргузоркунандагони чунин маъракаҳо  ин беманфиат нест ва тавре, ки хуб медонем мардуми укроин ҳам бо чунин тарз ба майдонҳо баромада буданд ва оқибат имрӯз мавқеи худро аз даст доданду аз имкониятҳояшон маҳрум шуданд, ки инро дасти бегона мегӯянд. Ва он аҷнабиёне, ки мехоҳанд кишвари Белорусро мутеъ ё худ мустамликаи хеш қарор диҳанд, бо паҳн намудани маълумоти бардурӯғ ва иттилои носаҳеҳ аҳолиро ба гумроҳӣ мекашанд, то ақли солимро ба кор набаранд.  Ҳарчанд маълум аст, ки амалиётҳои қудратхоҳони берунӣ рӯйи мардуми Белорус кора кардаасту белорусҳо гумроҳ гардидаанду аз думболи кадом шиорҳои бегонагон медаванд, ки ин хатои сиёсии онҳо мебошад ва дертар аз ин кори хеш пушаймон хоҳанд шуд.

Агар аз назари солим бингарем, хуб дарк менамоем, ки воқеан ҳам мардуми белорус имрӯз имкониятҳояшро ба ихтиёри хориҷиён мегузорад ва ин хатои ҷиддӣ мебошад, ки шояд насли баъдӣ барои ин кори гузаштаҳояшон ба белорусҳои эътирозгари гумроҳгашта лаънат хонанд. Зеро ин эътирозҳо ва ба хиёбон рехтани белорусҳо оқибат теша бар решаи истиқлолияту озоди кишвари Белорус мезанад, ки бояд мардуми белорус ба худ оянд ва ин ҳақиқатро дарк намоянду зуд аз фармони бегонагон бароянд.

Дилмуроди Вафо

таҳлилгар, ДКМТ