БЕЗУФОН

Ба маънии гунг, лол, безабон аст Безуфон.

Ҳангоме аз хатари Ватан сухан меравад, мо безабон нестем. Ақидаи хешро баён месозем ва нидо медиҳем, ки “Хиёнат бар Ватан ношукрӣ аст!”

Имрузҳо ҷомеаи ҷаҳониро падидаҳои номатлуби ифротгароӣ – терроризм ва экстремизм зери хатар гузоштааст. Ин ташкилотҳои экстремистӣ барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш зери ниқоби «мусалмони комил» дини мубини исломро истифода мебаранд. Ҳадаф аз ин вайрон кардани бехатарии ҷомеа, мубориза бо рақибони сиёсӣ ва ба даст овардани ҳокимият, барангехтани низоъҳои динӣ аст. Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон низ аз ҷумлаи чунин гурўҳҳое мебошад, ки имрузҳо ҷомеаи осоиштаи Тоҷикистонро халалдор намуда истодааст. ТЭТ ҲНИ бо таъсиси расонаҳо ва бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ ҳанӯз ҳам бо мақсади таъсиргузорӣ ба фикру андешаҳо омма дар дохили Тоҷикистон амал карда истодаанд. Намояндагони ин ташкилот бо нашри шарҳу ақидаҳои ифротӣ, баёнияҳои ғаразолуд, носазогӯиҳо мехоҳанд фазои иттилоотиро халалдор ва мардумро дар муқобили ҳукумати кунунӣ барангезанд. Боиси қайд аст, ки хушбахтона мардуми озодандеши мо аз аслу ҳадафҳои ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз номи дини мубини ислом истифода мешуд, хуб бархурдоранд. Пас аз шинохта шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун гурўҳи террористию экстремистӣ аз ҷониби Суди Олӣ ақида ва муносибати шаҳрвандони Тоҷикистон боз ҳам ҷиддӣ гардид.

 

Иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муроҷиати раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳову давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон беасосу ҳангомасоз номида, мегӯянд, ки ҲНИ ҳаргиз як ҷониби сулҳ набуд, балки он танҳо яке аз ҳаракатҳои шомили Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюни тоҷик (ИНОТ) буд.

Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои дигари узви ИНОТ бо пахши муроҷиатномаҳои ҷавобӣ таъкид кардаанд, ки ҲНИ ҳақ надорад аз номи ИНОТ баромад кунад.

Тибқи маълумоти расонаҳои хабарӣ, маълум гардид, ки“Маркази исломии Тоҷикистон ҳамчун мақоми масъули дину диндорӣ дар Тоҷикистон аз изҳороти Раёсати Олии ҲНИ ва муроҷиати он ба дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Аврупо, Созмони ҳамкориҳои исломӣ, роҳбарони кишварҳои кафил ва узви Гурӯҳи Тамос барои татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон – Федератсияи Русия, Эрон, Афғонистон, Қазоқистон, Покистон ва Туркманистону Қирғизистон ҷиҳати халалдор шудани Созишномаи сулҳ ва пешомади хатар ба суботи минтақа шадидан нигарон мебошад ва ин амалкарди раҳбарияти ҳизбро дар шароите, ки мардуми шарифи Тоҷикистон 22-умин солгарди Ваҳдати миллиро дар фазои сулҳи сартосарӣ ва оромишу субот омодаи таҷлиланд, ба ҷуз иғвои навбатӣ ва дасисаи ниҳоят муғризона чизи дигаре эътироф намекунад.”

Мо фарзандони арзандаи замон дар ин самт кори худро пеш мебарем.

Ф. Мирсаидова, омузгори ДКМТ